БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ: Беш аз 60% роҳхатҳо ба Токио ба даст оварда шуданд
ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаш моҳ қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 варзишгарон ба майдонҳо бармегарданд. Дар чанд ҳафтаи охир аз рӯи 25 намуди варзиши олимпӣ мусобиқаҳо ташкил карда шуда, 10 федератсияи байналмилалӣ марҳилаи интихобиашонро аз сар гирифтанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, 61 дарсади роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпӣ аз ҷониби варзишгарон ба даст оварда шуданд;
25 дар сад дар муҳлати минбаъдаи интихобӣ, ки то 29 июн идома меёбад, тақсим карда мешавад;
14 дар сади охирин дар асоси раддабандии баъзе федератсияҳои байналмилалӣ дар анҷоми марҳилаи интихобӣ эълон мегардад.
Пас аз ба таъхир гузоштани Бозиҳои олимпии Токио-2020 муқаррароти системаи интихобӣ бозбинӣ ва соли гузашта аз ҷониби гурӯҳи интихобии Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар доираи фаъолияти гурӯҳи мақсадноки “Мо меоем” тасдиқ шуд.
Панҷ намуди варзиш ва равияҳои варзишӣ аллакай марҳилаи интихобиро ҷамъбаст карданд: велосипедронӣ дар пайроҳа, велосипедронӣ трек, аспсаворӣ, чавгонбозӣ ва волейбол.
Ёдовар мешавем, ки 11-14 январ дар шаҳри Давҳаи Қатар мусобиқаи байналмилалии ситораҳои дзюдо баргузор шуд, ки дар он 398 варзишгар аз 69 кишвари 5 қора ширкат намуданд.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз Тоҷикистонро се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов намояндагӣ карданд, ки дар натиҷа Темур Раҳимов дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол намуд.
17 январ бо дарназардошти риояи қатъии чораҳои тандурустӣ дар Триест (Италия) мусобиқаи интихобӣ оид ба тӯббозӣ дар об миёни бонувон доир шуд, ки дастаҳои Венгрия ва Нидерланд роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст оварданд.
Мусобиқаҳои интихобии олимпӣ мисли пеш бо дарназардошти тавсияҳои мақомоти тандурустӣ ва санадҳои меъёрӣ, ҳамчунин таъмини ҳимояи саломатӣ ва бехатарии ҳамаи иштирокчиён гузаронида мешаванд.
Дар баробари мусобиқаҳои интихобии олимпӣ, феълан аз рӯи 25 намуди варзиши олимпӣ мусобиқаҳои байналмилалӣ баргузор мешаванд ё дар муддати чанд ҳафтаи оянда ба нақша гирифта шудаанд.
Мусобиқаҳо на танҳо аз рӯи равияҳои намудҳои тобистонаи варзиш барқарор шудаанд. Дар робита ба он ки 4 феврал маросими «Як сол то Пекин-2022» ҷашн гирифта мешавад, мусобиқаҳо оид ба намудҳои зимистонаи варзиш низ аз сар гирифта шудаанд. Мусобиқаҳои интихобии олимпӣ аз рӯи 11 равияи варзиш аз 15 равияи олимпӣ барқарор шуданд ва то имрӯз 17% роҳхатҳо ба варзишгарон тақсим шудаанд.
Феълан ду варзишгари мо – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев аз намуди бокс роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овардаанд. Ин ҳарду варзишгар аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва ба Бозиҳои олимпӣ омодагӣ мебинанд.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






