Далер Ҷумъа, Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: «Барқ надоштан барои аҳолӣ гаронтар аз доштани барқи мутаносибан қиматтар мебошад»
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои истифодаи барқ ҳар тарофае, ки таъйин шавад, дар қиёс бо харидории маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишту ҳезум, барои гармкунии хонаҳо, омодасозии хӯрок ва дигар хароҷот рақобатпазир ва манфиатовартар аст. Чунин иброз дошт Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» 17 феврал.
Вобаста ба ин масъала вазир чунин мешуморад, ки «барқ надоштан барои аҳолӣ гаронтар аз доштани барқи мутаносибан қиматтар мебошад».
Барои тақвияти фикри худ ӯ чунин мисол овардааст: «Дар ВМКБ дидем, ки ин фарқ 8 баробар аст. Яъне, агар мо хароҷоти худро дар ҳолати бебарқӣ ва мавҷудияти барқ ҳисоб карда, муқоиса кунем, он 8 баробар гаронтар мебошад. Яъне, ҳар тарофае, ки таъйин шавад, дар қиёс бо харидории маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишту ҳезум, барои гармкунии хонаҳо, омодасозии хӯрок ва дигар хароҷот, рақобатпазир ва манфиатовар аст».
Бино ба гуфти Вазири энергетика ва захираҳои об, дар ин ҷода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон методологияи тарофа қабул карда шуд. Тибқи он, ташаккулёбии тарофаҳо барои ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагон муайян шудааст. Дар вақтҳои наздик дар доираи вазорату кумитаҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад, ки аз татбиқи методология натиҷагирӣ карда, сохтори тарофаҳои навро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
«Дар муайянсозии тарофаҳои нав ҳам афзалият ба манфиатҳои иҷтимоии аҳолӣ дода мешавад, аммо аз ҷониби дигар мувозинат бояд дуруст нигоҳ дошта шавад. Яъне, мо бояд барои ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” шароитеро муҳайё созем, ки дар низоми энергетика фаъолияти дуруст карда тавонанд ва хизматрасониашон давомнок бошад», — гуфтааст Далер Ҷумъа.
Вазорати энергетикаи Россия низ чанде пеш дар бораи афзоиши неруи барқ ҳушдор дод. Гап дар бораи неруи гармӣ ва барқ меравад. «Ин аз ҳисоби афзоиши ҳаққи истифодаи таҷҳизот барои истихроҷи ангишт дар соли 2021 ба амал меояд», — гуфта мешавад дар номаи муовини вазири энергетикаи Россия Анатолий Яновский ба Вазорати рушди иқтисод ва Вазорати саноат ва савдои ин кишвар.
«Бояд тазаккур дод, ки ҳоло Тоҷикистон дорои арзонтарин неруи барқ дар ҷаҳон аст ва мо бояд онро самаранок истифода бурда, талафоти неруи барқро коҳиш диҳем», — иброз дошта буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол қабл зимни ироаи Паёми солона ба Парлумони ҷумҳурӣ.
«Рушди иқтисодиёти мо, ояндаи мо аз худамон вобаста аст, — тазаккур дода буданд Сарвари давлат. — Аз неруи барқ сарфакорона истифода баред, ҳаққи истеъмоли онро сари вақт пардохт кунед ва ин кумаки шумо ба давлат ва худатон хоҳад буд».
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Тоҷикистон дар қатори даҳгонаи аввали кишварҳои ҷаҳон бо арзонтарин неруи барқ барои аҳолӣ қарор дорад. Таҳлилҳое, ки мухбирони мо анҷом додаанд, нишон медиҳанд, ки бо назардошти бунёди НБО «Роғун», ба истифода додани неругоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 дар солҳои охир ва неругоҳҳои сершумори хурди обӣ метавон хулоса кард, ки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷилавгирӣ аз болоравии нархи неруи барқ ва ба ин васила ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нигаронида шудааст.
АКС аз бойгонӣ








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






