Дар ҳамлаи нафарони мусаллаҳ ба хонаи хабарнигор Бисмиллоҳ Одил дар Афғонистон се тан кушта шуданд

Февраль 27, 2021 10:36

ДУШАНБЕ, 27.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хабарнигорони маҳаллӣ мегӯянд, се нафаре, ки дар ин рӯйдод кушта шуданд, аъзои хонаводаи Бисмиллоҳ Одил ҳастанд,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба «ToloNews»-и Афғонистон.

Нафарони мусаллаҳ шаби гузашта ба хонаи Бисмиллоҳ Одил, собиқ масъули радиои «Садои Ғур»-и Афғонистон ҳамла карданд.

Дар асоси гузориши хабарнигорони маҳаллӣ, Лоло Гул, бародари Бисмиллоҳ Одил мегӯяд, ки дар ҳамла ба хонаи марҳум Одил як бародар, як писари бародари ӯ ва як хоҳарзодааш, ки духтари 13 сола буд, ҷон бохта, 5 тани дигар маҷрӯх шуданд.

Ба гуфтаи хабарнигорон, бародари марҳум Одил иддао дорад, ки ин ҳамла аз сӯи «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) анҷом шуд, аммо як сухангӯи «Толибон» даст доштани ҷангиёни ин ташкилотро ба ин ҳодиса рад кард.

Бисмиллоҳ Одил, собиқ масъули радиои «Садои Ғур» буд, ки қариб ду моҳ пеш дар як ҳамла аз сӯи афроди мусаллаҳи ношинос ҷон бохта буд.

Февраль 27, 2021 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид