Дар Боғи фарҳангу фароғатии Куруши Кабир маҳфилҳои гуногуни китобхонӣ баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангу фароғатии Куруши Кабири пойтахт бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҳфилҳои гуногуни китобхонӣ баргузор гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бояд гуфт, ки барномаҳои мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ташкили маҳфилҳои китобхонӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ва сокинони пойтахт ба китобхониву китобдӯстӣ гузаронида мешаванд.
Маҳфилҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни ҷавонону наврасони ноҳия ва ҷалби онҳо барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” баргузор гардиданд.
Ташкили ин гуна маҳфилҳо ҷиҳати ҷалб намудани меҳмонону сокинони пойтахт ба китобхонӣ ва рӯй овардани ҷавонону насли наврас ба ҷаҳони маънавӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд






