ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҲКИМИ САРҲАДИ ТОҶИКИСТОН БО АФҒОНИСТОН. Дабири кулли СААД Станислав Зас ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» посух дод
ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии давлатии иттилоотии Россия ТАСС дар бораи вазъи низомӣ-сиёсӣ дар минтақаи таҳти назорати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ин ташкилот дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 ба таври онлайн брифингдоир гардид. Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас дар бораи сиёсати хориҷии СААД, рушди ҷузъу томи ҳарбии ин созмон, муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир, инчунин омодагии неруҳои посдори сулҳ барои ширкат дар амалиёти сулҳ таҳти сарпарастии СММ ибрози андеша намуд.
Ӯ, аз ҷумла ба саволи хабарнигори АМИТ “Ховар” Хушнуд Раҳматуллоев посух дод:
— Станислав Василйевич, сарони кишварҳои СААД муътакид бар онанд, ки «амнияти ҳар кишвари аъзо бо амнияти умумии кишварҳои аъзои СААД алоқаи ногусастанӣ дорад» . Имсол Тоҷикистон раисии СААД-ро бар уҳда дорад. Тоҷикистон дар марзҳои ҷанубии СААД ҷойгир аст. Ин дарвозаи тамоми қаламрави ИДМ мебошад. Барои таҳкими марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷониби кишварҳои узви СААД чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
— Мехостам зикр намоям, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон, бале, сарҳади ҷанубии созмони мо мебошад. Бо дифоъ аз он, Тоҷикистон на танҳо амнияти худ, балки амнияти дастаҷамъиро низ таъмин мекунад. Ин фаҳмиш дар созмони мо дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла дар сатҳи роҳбарони давлатҳо мавҷуд аст. Тадбирҳои дастаҷамъӣ ба таҳкими марзи умумии ҷанубии мо нигаронида шудаанд ва ин масъалаҳо баррасӣ мешаванд. Мо нақшаи тадбирҳои иловагиро оид ба таҳкими марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон амалӣ карда истодаем, ки онро сарони давлатҳо ҳанӯз соли 2019 тасдиқ карда буданд. Ин на танҳо чораҳои ҳарбӣ-техникӣ, балки инчунин таҳкими хатти сарҳад низ мебошад. Мо мунтазам дар наздикии хатти сарҳад машқҳо мегузаронем, то омодагии неруҳои муштараки худро барои муқовимат бо таҳдидҳои дар марз мавҷудбуда ба сатҳи баланд бардорем. Имсол мо ният дорем, ки бо неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ дар ин мавзӯъ як қатор машқҳо гузаронем, аз ҷумла дар робита бо маҳалсозӣ ва пешгирии низоҳои марзӣ. Маҳз дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Ҳамчунин барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон барномаи мақсадноки байнидавлатӣ низ таҳия мешавад. Кор дар ин самт пеш меравад ва ин яке аз афзалиятҳои Тоҷикистон ҳамчун раисикунандаи СААД дар соли равон маҳсуб меёбад.
Мо ният дорем, ки ба марҳилаи ниҳоии омодасозии ин барнома ворид шавем. Дар ин барнома талошҳои муштарак, аз ҷумла талошҳои молиявӣ низ барои таҳкими марзҳои ҷанубии мо пешбинӣ шудаанд. Мехостам таъкид намоям, ки ин мушкил ҳамеша дарк мешавад ва дар рӯзномаи созмони мо қарор дорад — ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати воқеӣ. Ман фикр мекунам, ки ин кор доимӣ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки брифинг дар шакли онлайн баргузор шуд. Ба Дабири кулли СААД хабарнигорони ВАО-и сернуфузи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Тоҷикистон саволҳо доданд. Саволҳои онҳо дар бораи низои Қарабоғ, баргузории машқҳо дар қаламрави кишварҳои аъзои СААД ва такмили минбаъдаи ҳамкорӣ буданд.
Дар маҷмӯъ, муҳимияти таҳкими иқтидори СААД барои муқовимати самаранок бо таҳдидҳо ва чолишҳои амниятӣ дар шароити кунунии ҷаҳон ва минтақа арзёбӣ гардид.








Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»






