Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2021 баргузор гардид

Февраль 11, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2021 таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур зиёда аз 140 нафар гирандагони ин стипендия аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси Кумита Дилноза Аҳмадзода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва дигар масъулини соҳаи кор бо ҷавонон иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода зикр намуд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш дар меҳвари диққати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Маҳз ҳамин ғамхориҳост, ки имрӯз ҷавонон дар самтҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста дастгирӣ меёбанд.

Таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, барои ҳавасманд намудани насли ҷавон ҷиҳати ба таҳсили муносиб фаро гирифтан, ташаккул додани маҳорат ва малакаю истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.

«Бояд гуфт, ки шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло 400 нафарро ташкил медиҳад. Бо дастури Пешвои муаззами миллат ин шумора аз соли хониши 2021-2022 ба 3 ҳазор нафар расонида шуд, ки ин ҳам ғамхории дигари Роҳбари давлат ба ин қишри ояндадори мамлакат мебошад»,- гуфт номбурда.

Дар ҳамоиш ба ҳар гирандаи стипендияи Президентӣ аз ҷониби раиси Кумита маблағҳои аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида тақдим карда шуданд.

Ҳамчунин гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сухан гуфта, барои дастгириҳои ин қишри ҷавон изҳори сипос намуданд.

Аз ҷониби гирандагони стипендияи Президентӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамовозиву якдилӣ муроҷиатнома қабул гардид.

Февраль 11, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд