Дар Душанбе истеҳсоли доруҳо аз растаниҳои табиӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имконоти тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди пӯст ва пашм, истеҳсоли муштараки маҳсулоти доруворӣ аз растаниҳои табиӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркард ва бастабандии маҳсулоти кишоварзиро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси вилояти Хуросон-Разавии Эрон Муҳаммадсодиқ Мутамадиён 23 феврал баррасӣ намуданд.
Бино ба маълумоти шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат имконоти иқтисодӣ ва сармоягузории минтақаро муаррифӣ кард.
«Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 8,8 миллиард сомонӣ расид, 619 корхона ва коргоҳ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ сохта шуданд. Соли гузашта вилоят 110 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир кардааст», — иброз кард ӯ.
Тарафҳо алоқамандии худро ба таҳкими минбаъда ва тавсеаи муносибатҳои судманди дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ, ба шумули соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ иброз доштанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2019 раиси собиқи вилояти Хуросон-Разавии Эрон Алиризо Размҳусейнӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварда буд.
МАЪЛУМОТИ МО:
Хуросон-Разавӣ яке аз остонҳо (вилоятҳо) -и Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки дар қисмати шимолу шарқии кишвар ҷойгир аст. Маркази маъмурии он шаҳри Машҳад, дуввумин шаҳри калонтарин ва сераҳолии Эрон мебошад.

ДАР АКС: ҷамъоварии ҳосили заъфарон дар вилояти Хуросон-Разавӣ. Ҳар сол кишвар зиёда аз 200 тонна заъфарон ба 50 кишвари ҷаҳон — ИМА, Германия, Британияи Кабир, Италия, Испания, Белгия, Шветсия, Швейтсария, Франсия, Канада ва Ҳолланд, Ҳонгконг ва Афғонистон содир мекунад. Заъфарон доруворест, ки бӯи қавӣ ва ранги хос дорад, аз антиоксидантҳо ғанӣ буда, ба саломатӣ метавонанд фоидаи калон дошта бошанд. Далелҳои охир нишон медиҳанд, ки заъфарон метавонад ҳолати рӯҳиро беҳтар созад ва бо оксидкунандаи такони рӯҳӣ (стресс) мубориза барад.
Остони Хуросон-Разавӣ дар қисмати шимолу шарқии Эрон ҷойгир аст. Аз шимол ва шимолу шарқ бо Туркманистон, аз тарафи шимолу ғарб бо остони Хуросони Шимолӣ, аз ғарб бо остони Семнон, дар ҷануб бо остони Хуросони Ҷанубӣ ва аз тарафи шарқ бо Афғонистон ҳаммарз аст. Масоҳати остони Хуросон-Резавӣ 118,884 км² мебошад ва аз рӯи ин нишондиҳанда дар байни 31 остони Эрон дар ҷои 6-ум қарор дорад.
Остони Хуросон-Разавӣ ба 28 шаҳристон (ноҳия) тақсим шудааст.








Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо MCDF баррасӣ шуд
Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Корея тақвияти ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ва роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкории гумрукиро густариш медиҳанд
Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея тақвият меёбанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад
Самтҳои стратегии Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардид
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Кишоварзони Тоҷикистон имсол кишти такрориро аз нақша барзиёд иҷро намуданд






