Дар Душанбе «Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ҳастаӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт

Февраль 26, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT)  тавассути  Маркази зиддитеррористии он онлайн-конференсия дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур «Лоиҳа оид ба ҷаҳонисозӣ ва татбиқи муассири Конвенсияи  байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ҳастаӣ» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Лоиҳаи мазкур дар ҳамоҳангӣ бо дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад.

Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Иштирокдорон иброз намуданд, ки  Конвенсияи мазкур яке аз 19 санади ҳуқуқии байналмилалие мебошад, ки барои ҷаҳонишавии режими ҳуқуқӣ бар зидди терроризм заруранд. Аз ин лиҳоз, лоиҳаи мазкур ба таҳкими ҳамкорӣ миёни парлумонҳои миллии кишварҳои аъзо ва Иттиҳоди  байнипарлумонӣ ҷиҳати риояи Конвенсия ва  татбиқи муассири он мусоидат мекунад.

Аъзои парлумонҳои миллӣ ҳамчун ашхоси сиёсатгузор ва роҳбарони ҷомеа дар таъмини иҷрои қатъномаҳои Маҷмаи Умумӣ ва Шӯрои Амнияти  СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм нақши муҳим мебозанд.

Тоҷикистон Конвенсияи болозикрро имзо карда, вале ба тасвиб нарасонидааст. Бинобар ин зарурати барпо намудани чунин брифинги маҷозӣ  ба вуҷуд омадааст.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин таъкид карда шуд, ки баргузории ҷаласа дар Душанбе далели равшани ҳамкории байни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT)  аст, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон мебошад.

Февраль 26, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд