Дар қисмҳои низомии Хоруғ бахшида ба ҷашни Қувваҳои мусаллаҳ Рӯзи дарҳои кушод оғоз ёфт
ХОРУҒ, 10.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Қисми низомии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақар дар шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо комиссариати ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ барномаи Рӯзи дарҳои кушод доир намуд, ки дар он 100 нафар хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат намуданд.
Сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии вилоят Дарвеш Авазбеков гуфт, ки “ҳамасола дар остонаи таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ қисмҳои низомӣ дари худро ба рӯи хонандагони муассисаҳои таълимӣ боз мекунанд ва наврасонро бо шароити будубоши сарбозон, аз ҷумла ҷои хоб, утоқҳои таълимӣ, китобхона, синфхонаи технологӣ, ошхонаву хонаи фароғатӣ, анборхонаи захираи озуқаворӣ, майдончаи машқҳои тактикию амалӣ шинос мекунанд. Ба онҳо имконият медиҳанд, ки савори мошинҳои зиреҳпӯш шаванд, баъзе аз силоҳу муҳимоти ҷангиро ба даст гиранд ва аз афсарон тарзи истифодаи онро биомӯзанд. Ҳамчунин ба ошхона даромада, ҳамроҳ бо сарбозон хӯрок истеъмол менамоянд, аз китобхонаву бунгоҳи тиббӣ хабар мегиранд”.
Дар ҷараёни баргузории Рӯзи дарҳои кушод қисмҳои низомӣ тамоми шароитро барои наврасон омода мекунанд, то онҳо дар ин рӯз худро лаҳзае ҳам бошад, чун сарбози ҳақиқӣ эҳсос кунанд. Баргузории чунин тадбирҳои муассир имконият дод, ки дар се соли охир нақшаи даъвати баҳорию тирамоҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар як рӯз таъмин шавад. Даъватшавандагон довталабона ҳамроҳ бо волидон ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, баъди ташхис ба хизмати Ватан-Модар раҳсипор мегарданд.
Дар панҷ соли охир кулли қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳои марзӣ аз нав бунёд ва бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ таъмин гардиданд. Шароити қисмҳои низомӣ ва сатҳу сифати хизмати сарбозону афсарон мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар давраи соҳибистиқлолӣ инфрасохтори қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳои марзӣ комилан ба замони муосир мутобиқ гардонида шуданд.
Сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии вилоят Дарвеш Авазбеков гуфт, ки Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ ва бунгоҳҳои марзӣ то 18 феврали соли равон идома меёбад. Масъулини комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят муваззаф шудаанд, ки ҳарчӣ бештар ҷавонони то синни даъватиро ба ин чорабиниҳо ҷалб намоянд.










Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






