Дар Кобул тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ гардид

Февраль 16, 2021 17:01

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар» /. 14-16 феврали соли ҷорӣ Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар раъси як ҳайат ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ зери унвони «Мубориза бо терроризм ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ барои рафъи таҳдидҳои террористӣ» ба шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафари корӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Раиси КДАМ ҶТ С. Ятимов зимни ин сафар бо Раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳи Абдулло, Муовини якуми Раисиҷумҳур Амрулло Солеҳ, Раиси парлумони ин кишвар Мир Раҳмон Раҳмонӣ, Раиси Шӯрои амнияти миллӣ Ҳамдуллоҳи Муҳиб, Сардори Раёсати умумии амнияти миллӣ Аҳмад Зиё Сироҷ, Вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар ва дигар роҳбарону намояндагони мақомоти баландпояи Афғонистон мулоқотҳои алоҳида анҷом дод.

Дар рафти гуфтушунидҳо вазъи амниятии ду кишвари дӯст ва минтақа, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба мавзӯъҳои мазкур табодули афкор сурат гирифт.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъмини суботу амният дар Афғонистон буда, муҳимияти онро барои ҳарду кишвар ва минтақа доимо таъкид медорад. Ниҳоӣ шудани гуфтушунидҳои тарафҳои даргир, хотимаи ҷанг дар Афғонистон ва пешгирӣ аз фаъолияти мақсаднок ва номатлуби доираҳои манфиатдор бо истифода аз гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ, аз омилҳои муҳимтарини таъмини амният маҳсуб мегарданд.

Ҷонибҳо мувофиқати комили мавқеи ҳамдигарро дар масъалаҳои матраҳшуда изҳор дошта, таъкид сохтанд, ки ду мамлакати дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг омодаанд, ҳамгироӣ ва муносибатҳои ҳасанаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва алалхусус, амниятӣ боз ҳам тақвият ва тавсеа бахшида, ба ин васила ба сулҳу субот ва оромию осудагӣ дар минтақа мусоидат намоянд.

Ҳамчунин С. Ятимов дар конфронс бо маъруза баромад карда, масъалаҳаи мубрами таъмини сулҳ дар Афғонистон, ҳузури густурдаи созмонҳои террористии байналхалқӣ, таҳдиди онҳо ба кишварҳои минтақа, омилҳои солимгардони вазъро дар сарзамини ҷафокашидаи ҳамсоя ва сарҳадот мавриди муҳокима қарор дод.

Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Афғонистон дар фазои дустӣ, якдигарфаҳмии комил ва самаранок анҷом пазируфт.

Февраль 16, 2021 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд