Дар Муъминобод дар байни қатори дарахтони боғ картошкаи лалмии барвақтӣ кишт намуданд

Февраль 15, 2021 12:02

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони хоҷагии деҳқонии ба номи Бобои Назари Ҷамоати деҳоти Шамсиддини Шоҳини ноҳияи Муъминобод соли дуюм аст, ки дар байни қаторҳои байни дарахтони боғ картошкаи лалмии барвақтӣ кишт менамоянд. Соли гузашта низ хоҷагидорон дар байни қаторҳои боғи мазкур картошкаи лалмии таҷрибавӣ кишт карда буданд, ки аз он ҳосили хуб ба даст омад. Аз ин рӯ онҳо имсол ҳам ин таҷрибаро ба кор мебаранд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо хоҷагидорон барои истифодаи самараноки замин ва сари вақт анҷом додани кишти картошкаи барвақтӣ тавсияҳо дод.

Хоҷагии мазкур соли 2010 ташкил шуда, дорои 3 гектар замин аст.  Аз ин 1 гектараш боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, гелос, зардолу ва нок мебошад.

Раиси вилоят аз ҷараёни корҳои барқарорсозии токзор дар мавзеи Ҷалоқи Ҷамоати деҳоти «Деҳибаланд»-и  ноҳияи Муъминобод низ  боздид кард.

Дар мавзеи мазкур корҳои барқарорсозии 200 гектар майдони токзор дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардидаанд.

Айни замон корҳои барқарорсозӣ дар 60 гектар, аз ҷумла нарм кардани бехи ниҳолҳо, шудгори байни қаторҳо ва қайчикунии ниҳолҳо идома дорад.

Дар наздикии майдони токзор соҳибкори маҳаллӣ ба барқарор намудани собиқ корхонаи истеҳсоли шароб шурӯъ намудааст. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур бо ҷалби мутахассисон оғоз гардида, дар сурати ба истифода додани он тақрибан 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Февраль 15, 2021 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид