Дар Муъминобод Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид

Февраль 22, 2021 15:30

ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бошукӯҳи идона доир гардид, ки дар он барномаи рангини театрикунонидашуда ва саҳнаи тарбиявии «Фирефташудагон» аз рӯи асари шоир ва нависанда Исмоил Ҷабинзода ба намоиш гузошта шуд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Бахтовар Диловар ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода иштирокдорон ва дар симои онҳо кулли собиқадорон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони ноҳияро ба ифтихори рӯзи таъсиси Артиши миллӣ самимона таҳният гуфт.

Зикр карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти басо ҳассос таъсис ёфта, имрӯз ба ниҳоди пуриқтидори ҳимоятгари марзу буми мамлакат табдил ёфтаанд.

Баъдан ба як гурӯҳ роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғолибони мусобиқаи волейбол барои Ҷоми раиси ноҳия, ки тайи як моҳ дар ноҳия идома дошт, Ифтихорнома ва Ҷом супорида шуд.

Февраль 22, 2021 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид