Дар натиҷаи се таркиш дар Кобул ду нафар кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/ Субҳи имрӯз (сешанбе, 2 феврал) дар натиҷаи се таркиши минаҳо дар шаҳри Кобули Афғонистон ду нафар кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи шабакаи телевизионии tolonews.com.
Дар асоси маълумоти манобеи амниятӣ, субҳи имрӯз дар минтақаи Ҷӯйи Шири ноҳияи дуюми амнияти Кобул, автомашинаи тамғаи “Форд”, мутааллиқ ба Вазорати корҳои дохилӣ тавассути мина тарконида шуд, ки дар натиҷа ду нафар корманди идораи мазкур маҷрӯҳ шуданд.
Аз сӯи дигар, полиси Кобул мегӯяд, ки дар минтақаи Салим Корвони ноҳияи чоруми Кобул як автомашинаи дигар тарконида шуд, ки бар асари он ду нафар ҳалок ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Таркиши сеюм дар минтақаи Навободи Деҳмзанги ноҳияи сеюми Кобул ба вуқӯъ пайваст.
Тибқи маълумоти полиси Кобул, дар ин таркиш як ғайринизомӣ захмӣ шуд ва барои табобат ба бемористон интиқол ёфтааст.
Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон) масъулияти ин таркишҳоро бар дӯш нагирифтааст.
Инчунин шабакаи телевизионии tolonews.com. хабар медиҳад, ки имрӯз (сешанбе, 02 феврал) дар ҳамлаи “Толибон” ба як посгоҳи амниятӣ дар вилояти Кундузи Афғонистон чаҳор корманди полис кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Фавзия Яфталӣ, узви Шӯрои вилояти Кундуз, изҳор доштааст, ки задухӯрд шаби гузашта дар ҳудуди вилояти Кундуз замоне оғоз шуд, ки гурӯҳи “Толибон” ба посгоҳи амниятӣ ҳамла кард.
«Дар задухӯрдҳо се толиб кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд», — афзудааст ӯ.
Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, “Толибон” ахиран ҳамлаҳои худро дар манотиқи мухталифи ин минтақа афзоиш додаанд ва доимо посгоҳҳои амниятиро ҳадаф қарор медиҳанд.
Ҳамчунон мақомоти маҳаллии вилояти Нангарҳори Афғонистон имрӯз (сешанбе, 02 феврал) гуфтанд, ки як автомашинаи марзбонон дар ноҳияи Сурхрӯди вилоят ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт ва дар натиҷаи таркиши он як сарбоз кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.








Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд






