Дар Риёз роҳҳои ҷалби сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба бахши агросаноатии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал дар шаҳри Риёз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фадлӣ мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва роҳҳои ҷалби сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба бахши агросаноатии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд. Дар ин замина, роҳандозии ҳамкории мустақим байни бахшҳои хусусии ду кишвар муҳим арзёбӣ гардид.
Инчунин ҷонибҳо ба зарурати таҳияи лоиҳаҳои санадҳои ҳамкории дуҷониба дар бахши кишоварзӣ таъкид карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






