Дар СААД тақвияти ДИ-ро дар Афғонистон таҳдиди асосӣ ба амнияти Осиёи Марказӣ номиданд
ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Филиали ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» (ДИ, дар қаламрави Тоҷикистон ва Россия мамнӯъ шудааст — эзоҳи АМИТ «Ховар») мавқеи худро дар Афғонистон мустаҳкам мекунад ва ин таҳдиди асосӣ ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин бора 25 феврал сардори Ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Анатолий Сидоров иттилоъ дод.
«Таҳдиди асосӣ ба амнияти минтақавӣ мустаҳкам шудани мавқеи филиали ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ» — «Вилояти Хуросон» (фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон ва Россия мамнӯъ шудааст — эзоҳи АМИТ «Ховар»), ки шумораи ҷангиёни он ба 4 ҳазор нафар расидааст, мебошад», — зикр кард Сидоров.
Ба гуфтаи сардори Ситоди муштараки СААД, дастаҳои онҳо дар вилоятҳои шарқӣ ва шимолӣ фаъолона амал мекунанд, то ин ки ноҳияҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ва Покистонро зери назорати худ қарор бидиҳанд ва дар он ҷо «барои густариши минбаъдаи ҳамлаҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ» пойгоҳҳо таъсис бидиҳанд.
«Коҳиши ҳузури низомиёни хориҷӣ дар қатори нотавонии сохторҳои қудратии Афғонистон ҷиҳати муқовимати муассир бо мухолифини мусаллаҳ минбаъд низ ба тавсеаи манфиати исломгароён ва афзудани шумораи ҷонибдорони онҳо мусоидат хоҳад кард», — илова намуд Сидоров.
АКСИ: stopterror.uz








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






