Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷараён доранд

Февраль 11, 2021 10:12

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 11 феврал  дар ноҳияи Тоҷикобод маҷлиси солонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардида, пас аз он хишти аввалини бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод гузошта мешавад.

Тавре роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, 9 феврал дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод ва 10 феврал дар ноҳияи Рашт маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки аъзои ҳизб, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳалла, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва фаъолон баргузор гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҷлисҳои солонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷараён доранд. Масъалаи асосӣ дар ҷаласаҳо- ин ҳисобот оид ба фаъолияти ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давоми соли 2020 буда, аз фаъолияти онҳо натиҷагирӣ ва нақшаҳо барои соли 2021 пешниҳод карда мешаванд.

Зимни ҷаласаҳо роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин  ёдовар шуда, бори дигар иштирокчиёни ҳамоишро ба бунёдкорию созандагӣ, мубориза ба падидаҳои номатлуби замони муосир, дӯст доштани Ватан ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию хештаншиносӣ даъват намуд.

Дар фарҷоми маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо натиҷагирӣ аз бурду бохти соҳа ва ташкилоти зертобеи он дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2021 ба як гурӯҳ фаъолон сипосномаю ифтихорномаҳои ҳизбӣ туҳфа карда мешаванд.

Февраль 11, 2021 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад