Дар шароити пандемия Намоишгоҳи «Made in Tajikistan» ба таври фосилавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта тасмим дошт, ки «Намоишгоҳҳои байналмилалии универсалии Тоҷикистон-2020»-ро дар фаслҳои баҳору тирамоҳ баргузор намояд, аммо бо сабаби мушкилоти пандемияи ҷаҳонӣ ва пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳҳои мазкур баргузор нагардиданд.
Тавре раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода 3 феврал ба намояндагони расонаҳои хабарӣ дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфт, “бинобар паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва эълон гардидани пандемия на танҳо баргузории намоишгоҳҳои болозикр, балки якчанд нақшаҳои Палатаи савдо ва саноат вобаста ба муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар намоишгоҳҳои хориҷи кишвар ва таъмини иштироки соҳибкорони ватанӣ дар онҳо лағв гардид”.
Бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар саросари дунё, Палата бо мақсади муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар, рушди содирот, дарёфти шарикони ҳамкор, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак бори аввал намоишгоҳи фосилавии «Made in Tajikistan»-ро бо забонҳои англисӣ ва русӣ аз 26 ноябр то 17 декабри соли 2020 баргузор намуд. Дар намоишгоҳ 150 ширкати Ҷумҳурии Тоҷикистон молу маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.
Маълумот оид ба намоишгоҳи мазкур ба таври васеъ тавассути корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва шарикони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар минтақа ва давлатҳои хориҷи дур паҳн гардида, тибқи маълумоти оморӣ, беш аз 7 ҳазор нафар аз намоишгоҳ боздид намуданд.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






