Дар Тоҷикистон теъдоди ҳамёнҳои электронӣ * тақрибан 5 маротиба афзоиш ёфтааст

Февраль 15, 2021 13:35

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилоти қарзӣ дар Тоҷикистон соли гузашта то 1,7 миллион адад афзудааст. Ҳамин тариқ, шумораи ҳамёнҳо давоми соли 2020 нисбат ба соли 2019 4,9 маротиба ва ё 1,4 миллион адад зиёд шудааст.

Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи гузашта зимни  нишасти матбуотӣ хабар дод. Тавассути ҳамёнҳои электронӣ 10,7 миллион амалиёти пардохтҳои ғайринақдӣ ба маблағи 543,1 миллион сомонӣ сурат гирифтааст. Шумораи амалиёт нисбат ба соли 2019 8,8 миллион адад (5,7 маротиба) ва ҳаҷми пардохтҳо 440,8 миллион сомонӣ (5,3 маротиба) афзоиш ёфтааст.

Инчунин мувофиқи маълумоти БМТ, давоми соли 2020 барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт: шумораи умумии кортҳои аз ҷониби бонкҳои ватанӣ баровардашуда то охири соли 2020 зиёда аз 3,2 миллион ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  30,8% зиёдтар аст.

То ҳолати 31 декабри соли 2020 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан,  ба 1281 ва 5710 адад расидааст. Шумораи банкоматҳо давоми соли 2020 ба миқдори 403 адад ва шумораи терминалҳои электронӣ — 362 адад зиёд шудааст.

Маҷмӯан, соли гузашта нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба маблағи 1,9 миллион сомонӣ пардохтҳои ғайринақдӣ қабул карданд. Ин нисбат ба соли 2019 2,2 маротиба зиёд аст.

Дар БМТ чунин меҳисобанд, ки афзоиши якбораи амалиёти ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронӣ дар соли 2020 пеш аз ҳама ба маҳдудияти ба асари пандемия ба вуҷудомада вобастагӣ дорад.

Пардохтҳои электронӣ, масалан, дар суратҳисоби ягонаи электронии «Ҳисоб» ва ҳамёни электронии «Тезпардохт» истифода мешаванд. Ҳарду системаи пардохтиро ҶДММ “Нейрон” таъмин мекунад.

«Ҳисоб» — суратҳисоби ягонаи электронии хонаводаҳо мебошад, ки дар он тамоми хизматрасониҳои хонавода ва дигар хидматҳое, ки аз ҷониби корбар ба он пайвастанд, муттаҳид карда шудаанд. Ин лоиҳа муҳимтарин барномаи дар Тоҷикистон татбиқшуда мебошад ва бори аввал имкон дод, ки хидматҳои барои пардохт интихобшударо дар суратҳисоби ягонаи электронӣ муттаҳид кунанд.

“Тезпардохт”-яке аз аввалин ҳамёнҳои электронӣ дар Тоҷикистон барои пардохти ҳам хизматрасонии хонавода (неруи барқ, хадамоти коммуналӣ, телефонҳои хонагӣ) ва ҳам дигар намудҳои хизматрасониҳо (алоқаи мобилӣ, интернет, телефонҳои NGN ва ғайра) мебошад. Ин хидмати пардохтиест, ки дорои интерфейси одӣ ва қулай барои пардохтҳои яквақтаи онлайн ва пур кардани ҳамёнҳо (ба шумули кортҳои бонкии VISA ва Mastercard, шабакаи васеи кассаҳо ва терминалҳо) мебошад.

Дар як суратҳисоб муттаҳид кардани ҳама хидматҳо маънои имконияти гирифтани суратҳисоби ягонаи пардохтро дар охири моҳ нисбат ба тамоми хидматҳое, ки корбар онҳоро дар система фаъол кардааст-барқ, обтаъминкунӣ, интиқоли партовҳо, гармидиҳӣ, алоқаи мобилӣ, газ, телефони хонагӣ, интернет, телевизион ва ғайра дорад.

Илова бар ин, лоиҳаи мазкур татбиқи се замимаи нав — iOS, Android ва веб-барномаро тақозо намуд. Ин замимаҳо бо сервери ҳамёни ягона дар баробари барномаҳои пардохтҳои одӣ — ҳамёнӣ кор мекунанд.

Яке аз хусусиятҳои ҳалли SmartKeeper- ин қобилияти таҳияи замимаҳои махсусгардонидашуда мебошад, масалан, барои пардохти қарзҳо, ҷаримаҳо ва ё пардохтҳои андоз. Чунин замимаҳо нисбат ба ҳамёни комил бартарии махсус доранд — онҳо интерфейси одӣ доранд, ки барои корбарон ниҳоят сода ва фаҳмо мебошанд ва инчунин имкон медиҳанд, ки як вазифаи мушаххас, ки барои он тарҳрезӣ шудааст, ҳал карда шавад.

Пур кардани суратҳисоб тавассути тавозуни суратҳисоби ягонаи электронии «Ҳисоб», аз тариқи замимаи мобилӣ дар платформаҳои Android ва IOS, бо кумаки терминалҳои пардохтӣ, дар хазинаҳои “Амонатбонк” ва шуъбаҳои он тавассути кортҳои бонкии VISA ва MasterCard дар дилхоҳ ҷои дунё сурат мегирад.

_________________________________

* Ҳамёни электронӣ (англисӣ e-Purse ё e-Wallet) смарт — корт  ва ё дигар махзани электронӣ бо чипи дарунсохт буда, имкон медиҳад, ки пулҳои электронӣ нигоҳдорӣ шаванд ва пардохтҳои гуногун сурат бигиранд. Ин мафҳум инчунин метавонад ба дастгоҳҳо ва таъминоти барномавие ишора кунад, ки барои  гузаронидани амалиёти пур кардан, нигоҳ доштан ва интиқол додани пулҳои электронӣ имкон медиҳанд. Ин истилоҳ аксар вақт ҳамчун муродифи кортҳои бисёрмақсади пешпардохташуда истифода мешавад.

 

Февраль 15, 2021 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд