ДАР ЯПОНИЯ ВАЗИФАИ ВАЗИР ОИД БА ТАНҲОӢ ТАЪСИС МЕЁБАД. Дар заминаи пандемияи коронавирус дар кишвар шумораи худкушиҳо якбора афзоиш ёфтааст

Февраль 13, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 13.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Япония вазифаи Вазир оид ба танҳоиро тасдиқ кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 12 феврал агентии «Киодо» иттилоъ додааст. Дар хабар гуфта шудааст, ки ин вазифаи навро Тетсуши Сакамото, вазир оид ба барқарорсозии фаъолияти ҳаётии минтақаҳо ба уҳда гирифт ва ҳарду вазифаро ҳамзамон иҷро мекунад. Таҳияи стратегияи давлатии мубориза бо танҳоӣ, ки яке аз мушкилоти мубрами ҷомеаи Япония дар пасманзари афзоиши худкушиҳо дар заминаи пандемияи коронавирус мебошад, шомили вазифаҳо ва ваколатҳои вазири нав гардид.

Мутобиқи ин хабар, соли 2020 шумораи худкушиҳо бори нахуст дар 11 соли охир афзоиш ёфта, 3,7% -ро ташкил дод. 20,9 ҳазор нафар ихтиёран қасди худкушӣ кардаанд.

Аз рӯи омор, худкушӣ яке аз сабабҳои асосии марги шаҳрвандони японии 15-39-сола мебошад. Дар муқоиса бо омори СУТ, Япония — ягона кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдёфтаест, ки худкушӣ сабаби асосии марги одамони 15-34-сола мебошад.

Қобили зикр аст, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) мунтазам омори кишварҳоро оид ба шумораи худкушиҳо ҷамъоварӣ мекунад ва дар навбати худ ин маълумотро аз мақомоти омори давлатҳои дахлдор мегирад. Рӯйхат аз рӯи шумораи худкушиҳои расман сабтшуда ба сари ҳар 100,000 аҳолӣ тартиб дода мешавад.

Таҳқиқоти СУТ (гузориши худкушӣ дар ҷаҳон)  нишон медиҳад, ки байни шумораи худкушиҳо ва сатҳи зиндагӣ, вазъи иқтисодиёт ва тандурустӣ дар кишвар ҳеҷ вобастагие вуҷуд надорад. Кишварҳои дорои сатҳи аз ҳама баланди худкушӣ — Литва ва Россия мебошанд. Ҳарду кишвар солҳои дароз аз рӯи ин нишондиҳанда дар даҳгонаи нахустин қарор доранд. Мавқеи Украина ва Беларус низ дар ин рӯйхат хеле баланд аст.

Маълумоти охирин дар бораи омори худкушӣ натиҷаи соли 2016-ро дар бар мегирад (гузориши худкушӣ дар ҷаҳон соли 2019 нашр шуда буд). Дар айни замон, ин рақамҳои навтарин мебошанд. Ҳамин тавр, тибқи ин омор, Япония дар байни 184 кишвари ҷаҳон дар ҷои 31-ум қарор дорад (ба ҳисоби миёна ба сари ҳар 100 ҳазор нафар 14,3 худкушӣ рост меояд).

Дар се ҷои аввал Гренландия — ҳудуди худмухтор ё ҷазирае, ки шомили Дания мебошад (мутаносибан 82,3 ба сари ҳар 100 ҳазор), Гайана — давлат дар  Амрикои Ҷанубӣ (30,2) ва Лесото — давлат дар Африқои Ҷанубӣ (28,9) қарор доранд.

Россия бо натиҷаи 26,5 худкушӣ ба сари ҳар 100 ҳазор нафар дар ҷои 4-ум қарор дорад. Минбаъд, Қазоқистон дар ҷои 8 -ум (22,8), Беларус — 10 -ум (21,4), Украина 15 -ум (18,5), Қирғизистон 93 -юм (9,1), Ӯзбекистон — 114 -ум (7,4), Туркманистон — 119 -ум (7,2), Арманистон — 139 -ум (5.7).

Дар байни кишварҳои ИДМ дар ин рӯйхат нишондиҳандаҳои Озарбойҷон (ҷои 176, 2,6 худкушӣ) ва Тоҷикистон (ҷои 167, 3,3 худкушӣ ба сари ҳар 100 ҳазор нафар) беҳтарин мебошанд.

                    АКСИ: Viola Kam/Global Look Press/Keystone Press Agency

Февраль 13, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид