ДАРАХТ БИНШОН! Дар қисмати роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноки ноҳияи Ҷаббор Расулов беш аз 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист, инчунин таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар қисмати роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноки минтақаи ноҳияи Ҷаббор Расулов маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд масъулин аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар доданд, дар маъракаи ниҳолшинонию сабзазоркунӣ сокинони Ҷамоати деҳоти Гулхона, Ғӯлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳробод фаъолона иштирок карда, 935 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан ва ҳамешасабз, ба монанди кипариси аризонӣ, ардач, каталпа ва санавбар шинониданд.
Ғайр аз ин 14 километр ҷӯйбори обгузар, ки барои таъмини дарахтон бо об хизмат мекунад, аз партовҳо тоза гардида, дар натиҷа 174 метри мукааб партов ба партовгоҳи марказӣ бароварда шуд.
Ҳамзамон қад-қади роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок 1150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи санавбар ва 1860 бех ниҳоли дарахти сафедор шинонида шуд.
Дар маҷмӯъ дар маъракаи ободонию сабзазоркунӣ беш аз 8,7 ҳазор нафар ҳашарчиён иштирок намуданд.








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд






