ДАРАХТ БИНШОН! Дар қисмати роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноки ноҳияи Ҷаббор Расулов беш аз 3000 бех ниҳол шинонида шуд

Февраль 7, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 07.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист, инчунин таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар қисмати роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноки минтақаи ноҳияи Ҷаббор Расулов маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд масъулин аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар доданд, дар маъракаи ниҳолшинонию сабзазоркунӣ сокинони Ҷамоати деҳоти Гулхона, Ғӯлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳробод фаъолона иштирок карда, 935 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан ва ҳамешасабз, ба монанди кипариси аризонӣ, ардач, каталпа ва санавбар шинониданд.

Ғайр аз ин 14 километр ҷӯйбори обгузар, ки барои таъмини дарахтон бо об хизмат мекунад, аз партовҳо тоза гардида, дар натиҷа 174 метри мукааб партов ба партовгоҳи марказӣ бароварда шуд.

Ҳамзамон қад-қади роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок 1150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи санавбар ва 1860 бех ниҳоли дарахти сафедор шинонида шуд.

Дар маҷмӯъ дар маъракаи ободонию сабзазоркунӣ беш аз 8,7 ҳазор нафар ҳашарчиён иштирок намуданд.

Февраль 7, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд
НАМУНАИ ИБРАТ! Дар замини назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун 8 ҳазор қаламчаи гули садбарг шинонида шуда, боғи зардолу ва шафтолу бунёд гардидааст