Даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор шуд

Февраль 15, 2021 14:25

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанг, суннату анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шаҳринаву Нуробод, Муъминободи вилояти Хатлон ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.  Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оила ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳадафи Фестивали «Чакомаи гесӯ» тарғибу ташвиқи зебоипарастӣ миёни духтарону бонувон, ашъори баландмазмун бахшида ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сару либос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳубини рӯй, мӯй, муҳофизати пӯсти дасту рӯй мебошад.

Дар Фестивали мазкур намоиши парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, ҳунари волои машшотаҳо, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросими миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила рӯи кор овардани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозиву оинасозӣ, сурмапазиву қаламҳои ороишӣ ва кошонаи ҳусну машшотагӣ ва ҷалби сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба шуғлу касбомӯзӣ мебошад.

Багузории Фестивали мазкур имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиши рӯйю мӯй, ҳунари волои машшотагӣ ва пардози рӯйю мӯй муаррифӣ гарданд. Дар баробари ин санъати аслии шонатарошию сурмапазӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мӯйбофию ҷамолакбандӣ, зулфандозию пӯпакбофӣ ва кокулбандӣ роҳандозӣ гардида, мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирад ва ҳунари беҳтарини ороишгарон, кошонаҳои ҳусн, машшотаву ҳунармандон муаррифӣ карда шавад.

Ҳамасола дар Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби анъана ва суннатҳои ниёгон симпозиум, фестивал ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор мегарданд. Дар доираи онҳо аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа расму оин, анъанаҳои гузаштагон ва маҳсули дастии ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Фестивали «Чакомаи гесӯ» аз ҷумлаи ин барномаҳост, ки бо мақсади бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ дар замири занон дар мамлакат баргузор мегардад. Яъне, ҳадафи асосии он на танҳо доштани гесӯвони дароз, балки баланд бардоштани завқи бонувон нисбат ба фарҳанги либоспӯшӣ, дур будан аз бегонапарстиву хурофот ва пос доштани арзишҳои миллӣ мебошад.

Февраль 15, 2021 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд