Даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанг, суннату анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шаҳринаву Нуробод, Муъминободи вилояти Хатлон ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оила ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳадафи Фестивали «Чакомаи гесӯ» тарғибу ташвиқи зебоипарастӣ миёни духтарону бонувон, ашъори баландмазмун бахшида ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сару либос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳубини рӯй, мӯй, муҳофизати пӯсти дасту рӯй мебошад.
Дар Фестивали мазкур намоиши парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, ҳунари волои машшотаҳо, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросими миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила рӯи кор овардани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозиву оинасозӣ, сурмапазиву қаламҳои ороишӣ ва кошонаи ҳусну машшотагӣ ва ҷалби сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба шуғлу касбомӯзӣ мебошад.
Багузории Фестивали мазкур имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиши рӯйю мӯй, ҳунари волои машшотагӣ ва пардози рӯйю мӯй муаррифӣ гарданд. Дар баробари ин санъати аслии шонатарошию сурмапазӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мӯйбофию ҷамолакбандӣ, зулфандозию пӯпакбофӣ ва кокулбандӣ роҳандозӣ гардида, мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирад ва ҳунари беҳтарини ороишгарон, кошонаҳои ҳусн, машшотаву ҳунармандон муаррифӣ карда шавад.
Ҳамасола дар Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби анъана ва суннатҳои ниёгон симпозиум, фестивал ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор мегарданд. Дар доираи онҳо аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа расму оин, анъанаҳои гузаштагон ва маҳсули дастии ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Фестивали «Чакомаи гесӯ» аз ҷумлаи ин барномаҳост, ки бо мақсади бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ дар замири занон дар мамлакат баргузор мегардад. Яъне, ҳадафи асосии он на танҳо доштани гесӯвони дароз, балки баланд бардоштани завқи бонувон нисбат ба фарҳанги либоспӯшӣ, дур будан аз бегонапарстиву хурофот ва пос доштани арзишҳои миллӣ мебошад.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






