Деҳқонони ноҳияи Данғара ба хориҷи мамлакат 3450 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир намуданд
ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 деҳқонони ноҳияи Данғара ба хориҷи мамлакат 3450 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир намуданд, ки аз ин миқдор 318 тонна мевагиҳо, 942 тонна ангур ва 2190 тоннаро пиёз ташкил медиҳад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, дар ноҳия баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани заминҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
«Дар ноҳия ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2020 ба 1 миллиарду 196 миллиону 267,6 ҳазор сомонӣ баробар гардида, афзоиш нисбат ба соли 2019-ум 72 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 111 ҳазору 499 тонна ғалладона, 10009 тонна пахта, 13062 тонна картошка, 62 ҳазору 498 сабзавот, 46618 полизӣ, 24868 мевагиҳо, 10632 ангур, 15406 гӯшт, 21555 шир, 21 моҳӣ, 3,9 пилла, 68 тонна асал ва 5 миллиону 667 ҳазору 200 дона тухм истеҳсол гардидааст»,-афзуд манбаъ.
Соли гузашта дар ноҳия бо мақсади таъмини аҳолӣ бо сабзавоти барвақтӣ дар 3 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва 1,3 гектар мавсимӣ фаъолият намуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 77 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг ва лимӯ, истеҳсол гардида, ба фаровонии бозори дохилӣ мусоидат кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар ноҳияи Данғара бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 4 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, ҶДММ «Саиднизомиддин» (истеҳсоли гӯшти мурғ), маркази хизматрасонии «Зулол», корхонаи коркарди мевагиҳо ва гиёҳҳои шифобахш дар назди хоҷагии деҳқонии «Хуросон» ва марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолии маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсии ҶДММ «Форм-Текс» бо таъсиси 56 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.











Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Спитамен бо вазъи соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ шинос гардид
Ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд
Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад
Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд
Тоҷикистон ва Беларус бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро таҳия менамоянд
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд






