ДИНОЗАВРҲО ДАР ЗАМИНҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ГАШТУ ГУЗОР МЕКАРДААНД. Дар Ӯзбекистон махлуқи барои илм номаълум ёфт шудааст
ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави Ӯзбекистон як намуди динозаврҳои қаблан номаълум шиносоӣ шудааст, ки аз автобуси дуқабата ду маротиба калонтар будааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Daily Mail.
Устухони думғозаи динозаврро як дастаи байналмилалӣ дар биёбони Қизилқум, ки ҳамчун «қабристони динозаврҳо» маъруф аст, аз замин кофта баровард.
Дарозии ин ҳайвони азимҷусса, ки онро Dharatitanis kingi меномидаанд, тақрибан 20 метр ва ҳамтани Диплодокус — бузургтарин махлуқе, ки дар сайёра сайругашт мекардааст, будааст.
Махлуқ думи қамчинмонанд ва гардани дароз доштааст, ки ба ӯ имкон медодааст, ки аз меваҳои дарахтҳои баландтарин ғизо гирад ва инчунин динозавр сари начандон калон ва дандонҳои ҳамчун теғ тез доштааст.
Олимон муайян кардаанд, ки динозавр дар қаламрави имрӯзаи Ӯзбекистон дар давраи табошир, ки аз 145,5 то 65,5 миллион сол пеш тӯл кашидааст, сокин будааст.
Муҳаққиқон мегӯянд, ки дар сангбастаҳо миқдори зиёди боқимондаҳои устухонҳои бисёр хуб ҳифзшудаи ҳайвоноти сутунмӯҳрадор ошкор шудааст.
Ҳамин тавр, динозаврҳо замоне дар сарзамини Осиёи Марказӣ гашту гузор мекардаанд. Онҳо 100 миллион сол пеш, вақте ки қитъаҳо як буданд, дар ҳамвориҳои наздисоҳилӣ, дар ғарбитарин нуқтаи хушки Осиё зиндагӣ мекарданд. Бояд зикр кард, ки изҳои динозаврҳо дар Тоҷикистон низ пайдо шуданд — дар маҷрои дарёи Ширкент дар водии Ҳисор зиёда аз 300 адад из ёфт шудааст. Дар он ҷо, дар шаҳри Турсунзода Боғи миллии “Изҳои динозавр” сохта шудааст, ки диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.
АКС аз манбаъҳои боз








Таърихи фарҳанги мусиқии тоҷикро аз деворнигораҳои асрҳои VI–VIII метавон мушоҳида кард
Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад
Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад






