Доираҳои тиҷорат ва сармоягузории Британияи Кабир бо имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шинос шуданд

Февраль 18, 2021 08:11

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода дар ҷаласа оид ба имконоти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Тоҷикистон доир ба вазъи ҷории Тоҷикистон дар шароити ҳамагирӣ, ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир, инчунин имконияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, нақлиёт, бонкдорӣ, кишоварзӣ, энергетика, муҳити зист ва ғайра маълумот дод.

Дар ҷаласа намояндагони доираҳои тиҷорат ва сармоягузории Британияи Кабир ширкат намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Февраль 18, 2021 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд