Тоҷикистон ва Россия масоили ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба таври фарогирро мавриди баррасӣ қарор доданд

Февраль 9, 2021 18:11

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зимни ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки 8-9 дар шаҳри Москва баргузор шуд, масоили ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба таври фарогир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро ҳамраисони Комиссия – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Логвинович Оверчук роҳбарӣ намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷониби Тоҷикистон тадбирҳои дар марҳилаи пандемия андешидашудаи ҷониби Россия дар мавриди таъмини имтиёзҳо нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистонро зикр  намуд.

Аз тарафи ҳайати Тоҷикистон масъалаи мақоми ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки зимни иқомат дар Россия дар ҳолати номуайянӣ қарор мегиранд, ба миён гузошта шуд.

Ҷониби Тоҷикистон барои баррасии масъалаи қонунигардонии мақоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Россия бинобар содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҷузъӣ манъ аст, ба ҷониби Россия муроҷиат намуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории кишварҳоро дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳо бо равиши созандагӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳарду тараф ба мувофиқа расиданд, ки бо тамаркуз ба коркарди рӯйкардҳои нав, барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва мушорикати саноатии Тоҷикистон ва Россия тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ҷаласа ҳайатҳо ҳамкории ду кишварро дар соҳаи кишоварзию хоҷагидорӣ муҳокима намуданд. Бо назардошти иқтидори Тоҷикистон дар парвариши маҳсулоти кишоварзии банландсифату тозаи экологӣ, ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои дарёфти роҳҳои беҳтари расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла гумрукӣ ва таҳвили нақлиётӣ бо мақсади таъмини мунтазами маҳсулоти Тоҷикистон ба қаламрави Россия мувофиқа ҳосил шуд.

Дар бахши мушорикати саноатӣ ба ҷониби Россия пешниҳод гардид, ки дар таъсис додани коргоҳҳои муштарак дар заминаи корхонаҳои соҳавии дар Тоҷикистон амалкунанда ва дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ иштироки фаъол намояд.

Ҷонибҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ба мувофиқа расиданд. Бо дарназардошти беҳбуди вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ба ҷониби Россия пешниҳод шуд, ки масъалаи зудтар барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишварро баррасӣ намояд.

Дар доираи ҷаласа роҷеъ ба ҳамкории ду кишвар дар самти фарҳангию гуманитарӣ табодули афкор сурат гирифт. Тасмим гирифта шуд, ки соли 2021 Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон баргузор шаванд.

Ҷонибҳо раванди татбиқшавии лоиҳаи иштироки омӯзгорони Россия дар пешбурди фаъолияти таълимӣ дар мактабҳои таълимоти миёнаи Тоҷикистон, инчунин оғози сохтмони панҷ мактаби таҳсилоташон бо забони русӣ дар Тоҷикистонро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкорӣ дар самти тандурустӣ ва таъмини некуаҳволии аҳолӣ аз лиҳози беҳдоштию эпидемиологӣ зоҳир гардид. Ҷонибҳо дар мавриди татбиқи лоиҳаҳое, ки ба табодули таҷриба дар соҳаи ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ, ташкили фаъолияти муштараки гурӯҳҳои табибон ва омодагии онҳо равона шудааст, ба мувофиқа расиданд.

Бо назардошти зарфият ва имконияти фаровони табиию фароғатии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ҷалби сайёҳон аз Россия баррасӣ шуданд.

Ҳайатҳо натиҷаҳои сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россияро, ки соли гузашта доир шуд, баланд арзёбӣ намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ Протокол ба имзо расонида шуд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Февраль 9, 2021 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд