Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Баландшавии нарх дар давлатҳое, ки ба Тоҷикистон аз онҳо мол ворид мешавад, ба назар мерасад

Февраль 3, 2021 11:44

ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мавриди баландшавии  нархҳо дар бозорҳои мамлакат сардори Хадамоти мазкур Абдулмаҷид Муминзод ба суоли хабарнигорон посух дода, гуфт, ки гароншавии нархҳо  дар дигар давлатҳое, ки ба Тоҷикистон аз онҳо мол ворид мешавад, ба назар мерасад.

Мавсуф зикр кард, ки имрӯз нарх дар дигар давлатҳои воридкунанда низ баланд аст, масалан нархи равғани растанӣ  то 40-47 фоиз дар давлати истеҳсолкунанда баланд шудааст. 1 кг шакар дар Покистон, ки бо он нисфи дунёро таъмин мекард, имрӯз ба 1 доллар баробар аст.

«Дар бораи афзоиши нархи равған дар шабакаҳои иҷтимоии мамлакат шикоятҳо карданд, ки баланд шудааст, бале он дар ҳақиқат боло рафтааст. Истеҳсоли равғани мо бештар аз пунбадона аст, ки нархи он низ 1 сомонӣ боло рафтааст. Қурби асъори миллӣ миёни як сол то 16 фисад боло рафт. Ин ҳама омилҳое ҳастанд, ки ба тамоми соҳаҳо таъсир мерасонанд, зеро дар хориҷа ҳама маҳсулот бо доллар харидориву дар дохил бо асъори миллӣ фурӯхта мешаванд», — иброз намуд Абдулмаҷид Муминзод.

Мавсуф ҳамзамон гуфт, ки дар сурати то 20 фоиз беасос баланд шудани нархи маҳсулот дар муҳлати як моҳ  давлат онро танзим мекунад.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 зикр гардидаанд, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ дар самти рушд ва ҳимояи рақобат, танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, нигаронида шуда корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Февраль 3, 2021 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд