Хатмкунандагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар корхонаҳои нафту гази Россия фаъолият доранд

Февраль 13, 2021 09:31

ДУШАНБЕ, 13.02.2021. АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 47 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, ҳамасола табодули донишҷӯён дар ин донишгоҳҳо сурат мегирад. Имрӯз бидуни мушкилӣ хатмкунандагони донишкадаи  мазкур дар корхонаҳои нафту гази Россия ба кор қабул шуда, фаъолият доранд.

Ин нуктаро 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар вилояти Суғд  Бахтиёр Маҳмадалӣ ба рӯзноманигорон баён дошт.

Дар нишаст ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҷамъбасти фаъолияти донишкада дар соли 2020 ба ҳозирин иттилоъ дода, гуфт, ки “ҳадафи аслии мо омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат мебошад ва мо дар ин самт тамоми кӯшишҳоямонро ба харҷ медиҳем, то дар Донишкадаи мо кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон тарбия ёбанд”.

Гуфта шуд, ки ҳамкории донишкада бо дигар донишкадаву донишгоҳҳои хориҷӣ густариш ёфта, новобаста аз пандемияи Ковид-19 дар ин давраи ҳисоботӣ зиёда аз 60 конфронсу симпозиумҳои илмӣ ба тариқи мустақим ва онлайнӣ бо ширкати намояндагони донишгоҳҳои аврупоӣ ва осиёгии шарик гузаронида шуд. Ҳамзамон дар ин давра ба омӯзгорону донишҷӯён кумаки молиявӣ расонида шуд.

Айни замон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 15 кафедра фаъолият мебаранд, ки 8 кафедра бо корхонаҳои истеҳсолӣ шартнома баста, филиали худро кушодаанд. Қарор аст, ки имсол низ 4 кафедраи тахассусӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ филиалҳои худро боз карда, дарсҳои амалиро дар онҷо гузаронанд.

Ба хотири густариш додани ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ феълан Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе ҷиҳати табодули ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва боз намудани ихтисосҳои нав ҳамкорӣ дорад, ки ин ба хотири рушди соҳа мебошад.

Қарор аст, ки соли оянда Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо 100 адад компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шавад. Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ доир ба ихтисоси нави заргарӣ, ки дар донишкада амал мекунад, гуфта шуд, ки барномаи комил барои омӯзонидани донишҷӯён ва ҳамчунин 3D-принтерҳо харид шудаанд, ки барои қолабгирӣ ва истифода аз ҳар гуна шаклҳои маснуоти заргарӣ дар ихтиёри донишҷӯёни соҳа гузошта шудаанд.

Имсол дар донишкада қарор аст, ки хобгоҳи донишҷӯён пурра аз таъмир бароварда шуда, бо тамоми шароит таъмин гардад.

Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ аз шакли таҳсили фосилавӣ дар донишкада ёдовар шуда, изҳор дошт, ки айни замон 150 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар донишкада ба таври фосилавӣ таҳсил мекунанд.

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар миқёси ҷумҳурӣ буда, кормандони он талош доранд дар саноатикунонии мамлакат саҳми назаррас гузоранд.

Февраль 13, 2021 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд