Хизматрасонии «Худро бисанҷ» ба хонандагони шаҳри Душанбе дастрас гардид

Февраль 13, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 13.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе нуқтаи истифода аз хизматрасонии «Худро бисанҷ» таъсис дода шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, хизматрасонии «Худро бисанҷ» дар заминаи сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба таври мустақим дастрас аст. Хоҳишмандон метавонанд аз он sedative drugs бурда, бо супоридани тест аз фанҳои гуногун тибқи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ сатҳи дониши худро санҷида, ҳамзамон ба имтиҳонҳои воқеӣ омода гарданд. Барои истифода аз ин хизматрасонӣ мавҷудияти алоқаи интернетӣ зарур аст.

Ҳамчунин шакли дигари хизматрасонии «Худро бисанҷ», ки барои ин толор таҳия гардидааст, бо мақсади истифода бурдани он дар доираи шабакаи компютерии маҳаллӣ (локалӣ) равона гардидааст. Яъне, дар ин ҳолат мавҷудияти алоқаи интернетӣ шарт нест. Хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт метавонанд дастаҷамъона ва ё ба таври инфиродӣ ба толори мазкур омада, бо номнавис шуданашон дар низом аз хизматрасонии «Худро бисанҷ» баҳра бардоранд.

Ҳадафи асосии таъсиси ин гуна толор- таъмин кардани шароит ва имконияти мувофиқ барои хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ҷиҳати боз ҳам хубтар омода шудан ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба ҳисоб меравад.

Февраль 13, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид