«Кӯдакон фардои миллатанд», «Сарез. «Марвориди Помир» 110-сола шуд», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро бозтоб намудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Ҷумҳурият»-нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 38 (24 145) чоршанбе, 22 феврали соли равон ҷараёни машварати кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интишор намудааст, ки дар он омадааст: «19 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Ҳукумати мамлакат бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир намуд. Дар кори машварат масъалаҳои марбут ба маъракаи кишту кори баҳорӣ, созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бо риояи сарфаю сариштакорӣ таҷлил намудани Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баррасӣ гардида, ҳисоботи шахсонӣ масъул шунида шуд”.
Дар ин шумораи «Ҷумҳурият» ҳамзамон таҳти унвони «Истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ» мавод чоп гардидааст, ки муаллифи он номзади илмҳои иқтисодӣ Ф. Усмонзода буда, дар он омадааст: “Истиқлоли давлатӣ аз пурарзиштарин дастоварди давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки ба оламиён давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷиконро бо низоми мустақили давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ шинос намуд”.
Хонандагони нашрияи расмии «Ҷумҳурият» имкон доранд аз ин шумораи рӯзнома хабару гузоришҳоро доир ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва ҷаҳон мутолиа намоянд.
Дар шумораи 39 (24 147) нашрияи «Ҷумҳурият», сешанбе, 23 феврали соли равон таҳти унвони «Пешвои миллат: «Мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои таърихии фарзандони шуҷои худро ҳамеша пос медоранд» суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки 23 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид, нашр намудааст. Хамчунин дар ин шумора мавод вобаста ба таърих ва фаъолияти имрӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ омода ва чоп гардидаанд.
Дар саҳифаи аввали «Ҷумҳурият» дар нашри 41 (24 148) чоршанбе, 24 феврал доир ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ хабар нашр шудааст. Ҳамчунин дар ин шумора зери унвони «Роҳу нақлиёт. Сабақҳои айёми яхбандӣ», «Кӯдакон фардои миллатанд», «Тоҷикон. Миллате, ки таърихан тамаддунсоз аст», «Сарез. «Марвориди Помир» 110-сола шуд», «Ғамхориҳои Пешвои миллат масъулиятро меафзоянд» матолиб ва дигар хабару гузориши дохил ва хориҷи мамлакат чоп шудаанд.
Муаллифи мақолаи «Сарез. «Марвориди Помир» 110-сола шуд» навиштааст, ки «моҳи феврал ба пайдоиши Сарез-муъҷизаи нодири табиат, ки ҳамасола сайёҳони зиёди дохил ва хориҷи кишвар аз он дидан мекунанд, 110 сол пур шуд. Ба гуфтаи мутахассисон, кӯли Сарез айни ҳол бештар аз 17 миллиард метри мукааб обро дар худ ғунҷоиш дода, бо назардошти ин миқдор об яке аз бузургтарин ҳавзи баландкӯҳи ҷаҳон маҳсуб меёбад».
«Садои мардум»- нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 24 (4286), сешанбе, 23 феврали соли 2021 дар радифи чопи хабару мақолаҳо вобаста ба фаъолияти Парлумони мамлакат, ҳамзамон аз ҷараёни машварати кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар нашр намудааст. Инчунин хонандагони нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум» аз ин шумора имкон доранд мақолаҳоро вобаста ба Артиши миллӣ ва хабару гузоришҳоро аз ҷараёни нишастҳои матбуотӣ мутолиа созанд.
«Народная газета» -нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар №8 (20289), чоршанбе 24 феврали соли 2021 дар баробари нашри хабарҳои расмӣ аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақолаҳоро зери унвони «Асрори санг» стремится быть только первым», «И снова весна, и снова тюлпаны…», «Достижения периода независимости-залог процветания страны», «Тенденции развития экологического образования» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҷараёни нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ интишор намудааст.
«Минбари халқ»— нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар №8 (1302) чоршанбе, 24 феврали соли 2021 дар саҳифаи аввал доир ба ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмавод нашр намудааст.
Дар ин шумора зери унвони «Тоҷикистон дар саргаҳи мубориза бо терроризм», «Тафаккури техникӣ чӣ маънӣ дорад?», «Роҳгумзадагон», «Аз некон боғ», «Маъруфе, ки маҳбуби ҳамагон буд», «Ҳар ки хандонад ятими хастаро..» матолиб ва дигар хабару гузориш аз ҷараёни нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ интишор гардидаанд.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






