Китобҳои тозанашри адибони тоҷик дар Намоишгоҳ-ярмаркаи XXVIII байналмилалии Минск муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 21 феврал дар Минск Намоишгоҳ-ярмаркаи XXVIII байналмилалии Минск таҳти шиори «Китоб мардум ва кишварҳоро муттаҳид мекунад» баргузор гардид, ки дар қатори намояндагони 20 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро дар он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус бо интихоби васеи адабиёти тоҷик, аз ҷумла навтарин нашрияҳои муаллифони ватанӣ, инчунин асарҳои адибони хориҷӣ, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд, муаррифӣ намуд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иттилоъ медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳгоҳи XXVIII байналмилалии Минск ва гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод ширкат варзид.
Инчунин аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон ба меҳмонони стенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ашёи санъати қадимии амалии миллии мамлакат, унсурҳои либоси миллӣ ва ҷавоҳирот тақдим гардиданд.
Дар намоишгоҳ 281 намоишгар аз 20 кишвар — Австрия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Германия, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Молдова, Покистон, Фаластин, Россия, Сурия, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Ӯзбекистон, Украина ширкат намуданд. Ин намоишгоҳ ба сокинон ва меҳмонони Минск имконият медиҳад, ки бо нашрияҳо ва адабиёти 20 кишвар шинос шаванд.
Ин намоишгоҳ ба ифтихори 30-солагии таъсиси ИДМ ташкил шуда, сабаби эълони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун намоишгари марказии XXVIII ICEF Минск гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин намоиш-ярмарка тӯли 17 сол аст, ки баргузор мешавад.










Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






