Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Эрон омодаанд ҳамкории созандаро дар мубориза бар зидди терроризм густариш диҳанд

Февраль 24, 2021 08:17

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Эрон омодаанд ҳамкории созандаро дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм густариш диҳанд. Дар ин бора 22 феврал дар Душанбе зимни мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ гуфта шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот зикр гардид, ки сол аз сол ҳамкории дуҷонибаи байни ҳарду вазорат дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкории мутақобилан судманд метавонад дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориро дар самти мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин аз вусъат ёфтани ҳамкории судманд изҳори хушнудӣ намуданд.

Февраль 24, 2021 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд