МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Омили муҳими баланд бардоштани ҳосилнокии замин истифодаи нуриҳои маъданӣ мебошад

Февраль 1, 2021 17:29

ДУШАНБЕ, 01.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар кишоварз ва ҳар нафари бо замин сару кор доштаро зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан соли 2021 таъмин намоянд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат 26 январи имсол иброз доштанд.

Мутахассисони Вазорати кишоварзии мамлакат дар робита ба рӯёнидани ду ва се ҳосил аз як замин ба деҳқонон тавсия медиҳанд, ки  истифодаи оқилонаи нуриҳои маъданиро риоя намоянд, зеро ин яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва ҳосилнокии зироати кишоварзӣ мебошад.

Ворид намудани нуриҳои маъданӣ ва органикӣ ба хок аз рӯи меъёр вобаста ба намуди зироат бояд илман асоснок, яъне дар асоси талаботи растанӣ ва таъминнокии хок бо моддаҳои ғизоӣ муайян карда шавад. Аз ин лиҳоз, гузаронидани ташхиси хок барои муайян намудани ҳосилхезии он барои истифодабарандагони замин муҳим ва зарурӣ мебошад.

Таҷрибаи хоҷагидорон ва мушоҳидаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки на дар ҳамаи хоҷагиҳо истифодаи нуриҳои фосфорӣ бинобар сабаби гаронарзиш будан ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар ин маврид истифодаи поруи мурғ ва хокистар айни муддаост. Хокистар дар таркибаш бештар фосфор, калий ва дигар элементҳои ғизоӣ дорад. Ҳангоми дар як сол рӯёнидани 3 ҳосил яке аз зироат бояд аз оилаи лӯбиёдонагиҳо интихоб ва кишт карда шавад.

Макроэлементҳои асосии растанӣ, аз қабили нитроген, фосфор ва калий дар ҳаёти растанӣ нақши муҳим мебозанд. Нитроген дар синтези сафеда ва дигар пайвастаҳои органикии сафедадор дар растанӣ иштирок намуда, ҷараёни инкишофи растаниро муайян менамояд. Фосфор системаи решаҳо ва ташаккули узвҳои генеративии растаниро пурзӯр намуда, ба таркиби ферментҳо дохил мешавад. Дар мавриди аз фосфор таъмин набудани растаниҳо оксиген ба растанӣ кам дастрас мегардад, ки ин якчанд мубодилаҳои химиявиро бозмедорад. Дар ҳолати  истифодаи меъёри муқаррарии нуриҳои фосфорӣ пуррагии дони гандум таъмин гардида, миқдори моддаи сафеда ва ширешнокии орд дар дараҷаи баланд нигоҳ дошта мешавад. Аз ҳама беҳтарин намуди нурии фосфорӣ барои ҳамаи ғалладонагиҳо, аз ҷумла гандум суперфосфат мебошад.

Калий одатан ба зиёд ва ё камшавии моддаҳои сафеда ва ширешнокии дон таъсир намерасонад. Нурии  калийдор устувории растаниҳои гандумро ба камобӣ, касалиҳо ва хоб кардан баланд мегардонад. Нурии калийдор, аз қабили калии хлордор ва сулфати калийро истифода бурдан мумкин аст.

Дар тирамоҳ асосан зироати ғалладонагӣ кишт карда мешавад. Хусусан гандуми тирамоҳӣ ба нуриҳои минералӣ талаботи зиёд дорад. Меъёри солонаи нуриҳо барои гандуми тирамоҳӣ: нитрогенӣ  250-300 кг, фосфорӣ 110-150 кг, калийдор 60-80 кг муқаррар карда шудааст. Талаботи гандуми тирамоҳӣ ба фосфор аз давраи нешзанӣ то сарак бастани зироат дида мешавад. Калий аз хок аз рўзҳои аввали инкишофи растанӣ то давраи гулкунӣ ворид мегардад, лекин истифодаи зиёди он дар давраҳои найчакашӣ ва хӯшабандии растанӣ мушоҳида карда мешавад.

Миқдори солонаи нуриҳои фосфорӣ ва калийдорро пеш аз шудгори тирамоҳӣ ворид менамоянд, чунки ин намуди нуриҳо аз як шакл ба шакли дигар намегузаранд ва шуста намешаванд. Нуриҳои нитрогениро пеш аз шудгор истифода намебаранд, чунки ин нуриҳо шусташаванда мебошанд.  Дар нашъунамои гандуми тирамоҳӣ ду давраи барзиёд истифода бурдани нитроген мавҷуд аст: дар аввали инкишоф ва дар вақти ширагирии дон. Гандуми тирамоҳӣ баъд аз давраи зимистонгузаронӣ ба нуриҳои нитрогенӣ ниёз дорад. Норасоии  нитроген дар давраи аввал ба пастшавии ҳосил, дар  давраи дуюм ба паст шудани сифати ғалладона, хусусан кам шудани миқдори сафеда оварда мерасонад. Бинобар ин, 20 фоизи меъёри солонаи нитроген ҳангоми кишт ва боқимондаи он (80 фоиз) ҳамчун ғизои якум ва дуюм ба растанӣ дода мешавад.

Ҳангоми ворид намудани нуриҳои минералӣ ба ғалладонагиҳо намнокии хок бояд ба инобат гирифта шавад, ки дар ин ҳолат самаранокии нуриҳо зиёд мегардад.

Нуриҳо дар афзоиш ва нашъунамои зироат  мақоми асосӣ иҷро намуда, бе истифодаи самараноки онҳо зиёд рӯёнидани  ҳосили дилхоҳ  аз имкон берун аст. Илми агрохимия исбот намудааст, ки нуриҳои маъданӣ ва органикӣ ҳамон вақт самаранокии баланд медиҳанд, ки агар онҳо илман асоснок ва дар асоси ташхиси аниқи агрохимиявии хок истифода бурда шаванд.

Давоми 30 соли охир бинобар сабаби норасоӣ ва кам истифода бурдани нуриҳо ҳосилхезии хокҳо ба дараҷаи паст фаромадааст ва ин моро водор менамояд, ки дар самти барқарор намудани онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем. Агар дар давраи шӯравӣ истифодаи нуриҳои маъданӣ ба миқдори 600 ҳазор тонна бошад, пас солҳои охир ин миқдор 150-200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.  Бинобар ин, хоҷагидорону истифодабарандагони заминро зарур аст, ки қонуни асосии зироаткорӣ – баргардонидани моддаҳои ғизоии хокро, ки бо ҳосил аз замин бароварда мешаванд, риоя намуда, бо роҳи мунтазам истифода бурдани нуриҳо талафоти онро ҷуброн намоянд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ “Ховар”

Февраль 1, 2021 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид
Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Хатлон 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид
Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос гардид
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид