Нусратулло Салимзода: Дар ноҳияи Сино нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 99,3 фоиз иҷро шудааст
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида давоми се сол дар ноҳия 1674 адад чорабинӣ ба нақша гирифта шуда, иҷрои он то инҷониб 1443 ададро ташкил медиҳад, ки 86,2 фоизи нақшаи сесоларо дар бар мегирад. Аз нақшаи соли 2020, ки 773 адад чорабиниро ташкил медиҳад, 768 адади он амалӣ гардид, ки ба 99,3 фоизи нақша баробар мебошад. Корҳо дар ин самт идома доранд ва кӯшиш карда истодаем, ки бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти шаҳр ин нақшаро иҷро намоем. Дар ин бора имрӯз Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нусратулло Салимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Мавсуф гуфт, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар ноҳия пайвастшавии 186 бинову иншооти иловагӣ, дар маҷмӯъ 1269 адад ба энергияи гармӣ ба нақша гирифта шуда буд. Дар ин давра дар ноҳия 1295 адад бинову иншоот бо энергияи гармӣ таъмин карда шуданд.
То ин муддат дар ҳудуди ноҳия 52 146 бех ниҳолҳои ҳархела шинонида шуданд. Аз шумораи умумии ниҳолҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия 7500 бех ниҳолҳои ҳархела шинонида шуд, ки аз ин дарахтони сояафкан 1270 бех, дарахтони ороишӣ 6170 бех ва буттагӣ 60 бех мебошанд.
Дар баробари ин дар доираи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти мамлакат, дар маҷмӯъ дар ҳудуди ноҳия дар мавсими нав зиёда аз 29,8 ҳазор бех дарахтони гуногун шинонида шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Инчунин дар ин давра 1,7 миллион дона гулҳои мавсимӣ, бисёрсола ва лола шинонида шуданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд






