Пагоҳ Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, ШСХК «Барқи Тоҷик», МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» нишасти матбуотӣ доир менамоянд
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 дар Кумита ва нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 дар маҷлисгоҳи МД «Тоҷикфилм» доир мешаванд.
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Агентии мазкур (кӯчаи Айнӣ, 126, бинои КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе») доир менамояд.
МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» соати 13:00 дар бинои «Шарқи озод» нишаст барпо менамояд.
Нишасти матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик» соати 15:00 дар ширкати мазкур баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ соати 09:00 ва ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо доир мешаванд
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа менамоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






