Пагоҳ Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, ШСХК «Барқи Тоҷик», МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Февраль 16, 2021 09:57

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  17 феврал Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи  «Барқи Тоҷик», Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои  И.Сомонӣ ва  Фирдавсии шаҳри Душанбе  оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 дар Кумита ва нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 дар маҷлисгоҳи МД «Тоҷикфилм» доир  мешаванд.

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Агентии мазкур  (кӯчаи Айнӣ, 126, бинои КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе») доир менамояд.

МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» соати 13:00 дар бинои «Шарқи озод» нишаст барпо менамояд.

Нишасти матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик» соати 15:00 дар ширкати мазкур баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ соати 09:00  ва  ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо доир мешаванд

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои  238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа менамоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 16, 2021 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд