Палатаи ҳисоб ба маблағи 252,3 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои аудиторӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ асосан аз ҳисоби нодуруст ба нақша гирифтани маблағҳои буҷетӣ дар сметаҳои хароҷотӣ, нодуруст ҳисоб ва пардохт намудани музди меҳнати кормандон, сафархарҷиҳо ва дигар ҳиссаҷудокуниҳо ба буҷет камбудиҳо ошкор гардиданд. Инчунин камбудиҳо дар изофанависии корҳои сохтмонӣ, риоя накардани меъёри истифодаи сӯзишворӣ, беасос аз эътибор соқит намудани молу маводи арзишдор, зиёд нишон додани арзиши молу маводи харидшуда ва аз ҳисоби дигар фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ошкор мешаванд. Ин матлабро имрӯз раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти ин ниҳод баён дошт.
Қ.Чиллазода иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 272 чорабинии аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 252,3 млн. сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ шумораи аудитҳо 36 адад кам ва зарари молиявии ошкоргардида ба маблағи 18,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 78,6 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 42,4 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 32,8 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 2,8 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 5,2 млн. сомонӣ, талафи буҷет аз ҳисоби маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 51,3 млн. сомонӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо 38,4 млн. сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 779,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба мутобиқ гардонидани фаъолияти Палатаи ҳисоб ба стандартҳои байналмилалии аудит ва талаботи муосир зикр шуд, ки дар Палатаи ҳисоб Гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳия намудани Стандартҳои миллӣ таъсис дода шуда, дар ин давраи ҳисоботӣ 5 адад стандартҳои миллии Палатаи ҳисоб, аз ҷумла: Дастурамал оид ба асосҳои таъмини фаъолияти методологии Палатаи ҳисоб (СПҲ-100), Дастурамал оид ба гузаронидани санҷиши молиявӣ (СПҲ-104), Луғатномаи мухтасари истилоҳоти соҳаи аудит, ҳисобдорӣ ва молия, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешаванд (СПҲ-101), Дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои назоратии якҷоя ва дар як вақт (параллелӣ) доиршавандаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои хориҷӣ (СПҲ-401) ва Стандарти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (СПҲ-105) оид ба гузаронидани аудити самаранокии истифодаи воситаҳои давлатӣ таҳия гардида, бо қарори ҳайати мушовараи Палата қабул карда шуданд.
Дар доираи қисмати «Тақвияти аудити беруна»–и Лоиҳаи дуюми «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ» 31 стандарти байналмилалии аудит бо забони давлатӣ тарҷума шуда, Гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳияи Стандартҳои миллии аудити мустақили беруна сафарбар гардидаааст. Дар айни замон лоиҳаи Роҳнамои тавсияҳои намунавӣ оид ба тартиби гузаронидани аудити самаранокии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва 9 адад дастурамалҳои миллӣ оид ба гузаронидани аудити самаранокӣ таҳия гардида, ба роҳбарияти Палатаи ҳисоб пешниҳод карда шудааст.








Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид






