«Паёми Пешвои муаззами миллат: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он». Таҳти чунин унвон дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид

Февраль 10, 2021 15:58

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар мавзӯи «Паёми Пешвои муаззами миллат: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он» Конфронси ҷумҳурияавии  илмию амалӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Вазири  маориф ва илм Латофат Назирӣ, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад, раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Абдулҳаким Розиқзода, олимон ва муҳаққиқони ҷавон иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода  дар оғози конфронс иброз дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ мебошад, ки дар он тамоми ҷанбаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таҳлилу баррасӣ шудаанд. Таҳлил ва дастуру супоришҳои дар Паём зикр намудаи Пешвои миллат роҳи тамоми шаҳрвандону ҷавонони мамлакатро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи давлатдорӣ равшан менамояд. «Бояд зикр намуд, ки мақсади ироаи Паём. пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки ҳар сокини ин мамлакат вазифаи худро аз ин Паёми Сарвари давлат дарёбад ва барои давлатсозиву давлатдорӣ онро ба таври аниқу дақиқ дар амал татбиқ намояд. Конфронси имрӯза бо мақсаде доир мегардад, ки ҷанбаҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат аз лиҳози назариявӣ таҳқиқ ва аз лиҳози амалӣ асоснок карда шаванд»,- гуфт Абдулло Раҳмонзода.

Муовини Вазири  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Латофат Назирӣ баён намуд, ки «бо роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар ҳоли  рушду шукуфоист. Паёми имсолаи Пешвои миллат ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ рост омадааст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ин ҷашни бузург ва ҷиҳати татбиқ ва иҷро намудани нуктаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа  корҳо дар ҳоли рушд буда, ободкориҳо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон идома доранд».

Ба зикри мавсуф, дар Паёми ҳарсолаи Президенти мамлакат ба соҳаи иҷтимоӣ ва рушди неруи  инсонӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад. «Дар Паёми имсола аз ҷониби Сарвари давлат дар партави озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!» ва «Тоҷикистон-ватани азизи ман!» дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчӣ бештар рӯ овардан ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ озмуни навбатӣ зери унвони «Илм- фурӯғи маърифат» байни хонандагон, донишҷӯён, магистрону аспирантон, омӯзгорону олимон гузаронида шавад.  Итминон аз он дорем, ки баргузор намудани чунин озмунҳо ба дарёфти истеъдодҳои нав, нобиғаҳо ва шахсони навовару эҷодкор мусоидат мекунад»,- афзуд Латофат Назирӣ.

Ба зикри ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад Паёми имсолаи Пешвои миллат барои ҷавонон  шаҳодатномае мебошад, ки барои рушду инкишофи минбаъдаи ҷомеа аҳамияти хосса дорад.

Дар Паёми имсола нуктаҳои стратегие ҳастанд, ки танҳо як солро дар бар намегиранд. Он барои дурнамои минбаъдаи  рушду инкишофи ҷомеаи мо мебошад.

«Таърихи миллати мо  шоҳиди ҳодиса ва рўйдодҳои мухталифу аҷибе будааст, бинобар ин бояд  гуфт, ки имрўз  камтар  кишвареро  ҳамчун Тоҷикистон пайдо намудан мумкин аст, ки  барои рушду таҳкими истиқлол ва худшиносии миллӣ чунин  сарвари сиёсии  тавоноро  мисли  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба саҳнаи сиёсати  бузург оварда бошад»,- изҳор намуд А. Муҳаммад.

Февраль 10, 2021 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Конференсияи илмӣ-амалӣ ба нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат бахшида шуд
Соҳибкорзанони Тоҷикистон лоиҳаҳои худро дар намоишгоҳи «WomenCup–2025» муаррифӣ намуданд
Масъалаи таҳкими ҳамкории илмӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи минтақавии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Кабк дар Тоҷикистон «Парандаи соли – 2026» интихоб гардид
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани неруи барқ масъулияти ҳар як истеъмолкунанда аст»!
Доир ба афзалияти татбиқи манфиатҳои муҳими Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Хатлон қариб 2 тонна маводи тиббӣ ва дорувории муҳлати истифодааш гузашта нобуд карда шуд
Оид ба нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ гурӯҳи ҷавонони синни даъватӣ даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2025». Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе беш аз 40 далели аз меъёри муқарраргардида гарон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гӯштӣ ошкор карда шуд