Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода: «ММД соли гузашта ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод»

Февраль 10, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ«Ховар»/. Рушди иқтисодиёти Тоҷикистон соли 2020 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муътадил арзёбӣ гардид.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода 10 феврал дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки “Бонки миллии Тоҷикистон соли 2020 сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро ба нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо бо назардошти раванди ҳадафгирии таваррум,  танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии /ММД/ кишвар соли гузашта ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод. Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 фоиз ва кишоварзӣ 8,8 фоиз таъмин гардидааст”.

Ҳоким Холиқзода зикр кард, ки сатҳи таваррум соли сипаригардида 9,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  1,4 банди фоизӣ зиёд буда, нишондиҳандаи мазкур асосан аз афзоиши сатҳи нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ 13,0 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 5,8 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 4,0 фоиз ба амал омад.

Гуфта шуд, ки дар сохтори маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин давра бештар тағйирёбии нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, ки асосан маҳсулоти воридотӣ ва мавсимӣ мебошанд, аз қабили орди навъи якум 16,4 фоиз, шакар 40,8 фоиз, равғани пахта 50,7 фоиз, равғани офтобпараст 42,6 фоиз, гӯшти гов 6,2 фоиз, тухм 18,9 фоиз, картошка 19,8 фоиз ва сабзӣ 12,8 фоиз ба қайд гирифта шуд.

Афзоиши нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар натиҷаи таъсири омилҳои берунӣ вобаста ба авҷ гирифтани пандемияи COVID-19 ва дар ин замина маҳдуд шудани ҳамлу нақл тавассути сарҳади давлатҳои шарикони савдо ба вуқӯъ пайваст.

Февраль 10, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад