Сафири навтаъйини Ордени Малта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иван Лаланн ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 феврал муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Ордени Малта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иван Лаланнро қабул намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома ҷонибҳо перомуни муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.
Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Сафири Ордени Малтаро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид






