Сафирони навтаъйини Венгрия, Хорватия ва Италия ба Душанбе омаданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйини се давлати хориҷиро қабул кард.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Венгрия Михай Галошфаи, Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович ва Ҷумҳурии Италия Агостино Пинна супориданд.
Дар мулоқотҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо ин се кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини вазир сафиронро табрик намуда, ба онҳо дар маъмурияти дипломатиашон комёбиҳо таманно намуд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ










Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд






