Санъат Раҳим: «Барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ шахсони масъули корхонаҳо ҷарима баста шуданд»

Февраль 2, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ шахсони масъули корхонаҳо бо моддаҳои 405, 172 ва 725—и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 848 357 сомонӣ ҷарима баста  шуданд, ки нисбат ба ҳисоботи соли гузашта 194 967 сомонӣ зиёд мебошад.
Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  сардори Хадамоти мазкур Санъат Раҳим иброз намуд.

Зикр гардид, ки дар корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда дар соли 2020  31 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 8 нафар ҳалок ва 33 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.

«Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар корхонаи зериназоратии Хадамот соли 2020 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли 2019  2 адад ва дар соҳаҳои истеҳсолӣ 3 адад кам гардидааст. Сабабҳои асосии ҳодисаи нохуш-ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, дар ҷои ҳодиса беаҳамиятӣ кардани ҷабрдидагон ҳангоми  кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатариии саноатӣ дар ҷараёни кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад»,-шарҳ дод Санъат Раҳим.

Ҳамзамон иброз гардид, ки аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои нохуш тафтиши техникӣ гузаронида шуда, парвандаҳо ба мақомоти Прократураи шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.

Февраль 2, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд