Сангтарошон маҳсули ҳунари худро ба маърази тамошо гузоштанд
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» ҳанармандону сангтарошон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон — Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе, ки дар давраҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ғолиб баромада буданд, ҷамъ омаданд.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузаронида шуда, ҳадафаш эҳё ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, хусусан таҳияи маҳсулоти ороишӣ аз санг, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарманд, ташкили ҷойҳои корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.
Дар даври ҷамъбастии озмун сангтарошону ҳунармандони Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе иштирок ва маҳсули ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.
Озмун аз рӯи се номинатсия –«Корхонаи саноатӣ», «Ҳунарманди касбӣ» ва «Ҳунарманд» ҷамъбаст гардид.
Меҳмонону иштирокчиён маҳсули дастони ҳунармандонро тамошо намуда, аъзои комиссияи озмунӣ ба сифати истеҳсоли маҳсулоти ҳунари ороишӣ аз санг, ташкили намоиши ҳар як ҳунарманд, шакли муаррифии намунаҳои ҳунари ороишӣ аз санг, сатҳи тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ, дараҷаи огоҳӣ аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар такмили ҳунарҳои вобаста ба ороиш аз санг баҳо гузоштанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» пагоҳ ҷамъбаст мегардад.


















РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






