Юсуф Раҳмон: «Ҳар нафаре, ки ба манфиати хоинони миллат фаъолият мекунад, ошкор шуда, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад»
ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Танҳо дар як моҳи охир 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо гурӯҳҳои иттилоотӣ аз ҷониби иғвогарон ва ҷинояткорон дар хориҷи мамлакат ҳамкорӣ доштанду маълумоти бардурӯғ ва иғвоангезро бар зидди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо ирсол мекарданд, дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба хабарнигорон иброз дошт.
-Дар оянда низ ҳар нафаре, ки ба манфиати хоинони миллат фаъолият мекунад, ошкор шуда, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, — афзуд Прокурори генералӣ.
Зикр шуд, ки вақтҳои охир гурӯҳҳои иттилоотӣ аз ҷониби иғвогарон ва ҷинояткорони дар хориҷи кишвар буда зиёд гардида, онҳо мехоҳанд дар ҷумҳурӣ нотинҷӣ ва нооромиҳо ба вуҷуд оранд. «Бояд гуфт, ки вазифаи аввалиндараҷаи кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Прокурори генералӣ-ин таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва таъмини амният дар мамлакат мебошад. Аз ин рӯ имрӯз мо, кормандони Прокуратураи генералӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки таъсиррасонии гурӯҳҳои иттилоотӣ ба мафкураи мардум кам гардад»,- гуфт Юсуф Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 23 ҳазору 460 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон рӯ ба пастшавӣ ниҳода, соли 2020 нисбат ба соли 2019 119 адад камтар ҷиноят содир шудааст.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






