Шермуҳаммад Шоҳиён: Соли равон назорат аз болои фаъолияти судҳои поёнӣ пурзӯр мегардад

Февраль 8, 2021 15:40

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз намуд, ки бо мақсади беҳтар намудани кори мақомоти судӣ дар соли 2021 ва аз байн бурдани камбудию норасоиҳои дар фаъолияти судяҳо ҷойдошта раисони коллегияҳои судии Суди Олӣ, раисони судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки назоратро аз болои фаъолияти судҳои поёнӣ пурзӯр намоянд.

Инчунин раёсати таъмини ташкили кори судҳои Суди Олӣ вазифадор карда шуд, ки арзу шикоятҳои нисбат ба фаъолияти судяҳо воридшударо фавран мавриди санҷиш қарор дода, дар ҳолати сари вақт баррасӣ накардани парвандаҳо, насупоридани нусхаи санадҳои судӣ, ба суди болоӣ ирсол накардани парвандаҳо аз рӯи шикоятҳои кассатсионию назоратӣ ва ба иҷро нарасонидани санадҳои судӣ ба Раиси Суди Олӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намояд.

“Суди Олӣ, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ҳангоми ҳалли парвандаҳои оилавӣ вобаста ба аъзои оилаи молик эътироф кардан ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ, ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсиро гузаронида, натиҷаи ҷамъбастҳоро дар машғулияти семинарии судяҳо мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор диҳанд. Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо вазифадор карда шуданд, ки тарғибу ташвиқи риояи қонунҳо, оинномаҳои хизматӣ, интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҳуқуқиро дар қисмҳои ҳарбӣ тақвият бахшида, бо мақсади пешгирии содиршавии ҷинояту қонуншиканиҳо аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд,-гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён.

Февраль 8, 2021 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид