Кумитаи андоз: шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро ба таври электронӣ пешниҳод менамоянд, 13 ҳазор афзуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ба раванди гузариши онҳо ба тартиби пешниҳоди электронии эъломияҳо тақвият бахшида шуда, дар натиҷа соли 2020 шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 13 ҳазор адад зиёд карда шуд. Дар айни замон зиёда аз 140 ҳазор субъектҳои хоҷагидор эъломияҳои худро тариқи электронӣ пешниҳод намуда истодаанд ва барои ба ин тартиб гузаронидани андозсупорандагони боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида истодаем.
Дар ин бора имрӯз раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод изҳори назар намуд.
Мавсуф афзуд, ки ҷиҳати бештар ва беҳтар намудани хизматрасониҳои электронӣ аз ҷониби Кумитаи андоз портали хизматрасониҳои электронӣ васеъ карда шуда, дар айни замон барои андозсупорандагон 56 адад модулҳои хизматрасонӣ ба роҳ монда шудаанд, ки нисбат ба соли 2019 20 адад зиёд буда, истифодаи онҳо барои иҷрои уҳдадориҳои андозӣ мусоидат менамояд.
Дар назар дошта шудааст, ки соли 2021 боз зиёда аз 10 адад хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла, ба андозсупорандагон ба тариқи электронӣ равон намудани огоҳнома оид ба қарзи андоз, ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда барои ташкилоти хориҷӣ, қабули ариза дар бораи тамдиди муҳлати пешниҳоди эъломия, китоби воридшавии шикоятҳо ва дигар хизматрасониҳо дар шакли электронӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Зимни нишаст гуфта шуд, ки новобаста аз тадбирҳои зиёди аз ҷониби мақомоти андоз дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешидашуда, асосан бо сабаби омили пандемияи COVID-19, ки таъсирашро ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ расонид, инчунин бо сабабҳои коҳиши суръати рушди нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, кам шудани ҳаҷми сармоягузориҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, коҳиш ёфтани хизматрасониҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои хизматрасонии ба ҳамин соҳаҳо алоқаманд, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, гардиши савдои чакана ва паст шудани қобилияти харидории шаҳрвандон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ соли 2020 ба андозаи 93,7% таъмин гардид.
Бо назардошти вазъияти бамиёномада дар ин давра аз ҳисоби корхонаҳои калонтарини соҳаи саноати истихроҷ ва ширкатҳои мобилӣ, бинобар нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ ва таъмин накардани иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ, нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда ба буҷет 600 млн. сомонӣ маблағи андозҳо кам ворид шуд.
Инчунин зикр шуд, ки соли 2020 тибқи нақшаи тасдиқшуда ва дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо риояи муқаррарот оид ба мораторий нисбат ба санҷиши субъектҳои истеҳсолӣ, дар фаъолияти зиёда аз 1400 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, ба маблағи 517 млн. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби маблағҳои солҳои қаблӣ ошкоршуда дар маҷмуъ ба буҷа 470 млн. сомонӣ ворид карда шуд.








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






