Соли 2020 аз мавзеъҳои тамошобоби ноҳияи Шаҳринав 4600 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ боздид намуданд
ШАҲРИНАВ, 18.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав як ширкати сайёҳӣ бо номи ҶДММ «Сайри Қаратоғ» бо 6 хатсайр фаъолият менамояд, ки соли 2020 аз мавзеъҳои сайёҳии Пуштимиёна, Патру, Ҳакимӣ, Обиборик, Тахти Сулаймон, кӯлҳои Темурдара, Париён, Ҷувозак, зиёратгоҳи Хоҷа Ҳасан ва чашмаи моҳиёни Хуҷии ноҳия 4600 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ боздид намуданд.
Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода иброз намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар якҷоягӣ бо соҳибкорону мардуми ноҳия баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 442 иншоотро ба нақша гирифтаанд. Аз ин шумора то ба имрӯз дар 305 иншоот корҳои таъмирию сохтмонӣ бо харҷи умумии 42 миллиону 642 ҳазор сомонӣ ва бо таъсиси 920 ҷойи кори доимию 1116 ҷойи кори мавсимӣ ба анҷом расонида шудаанд. Айни замон сохтмони дигар иншооти дорои аҳамияти гуногун идома дорад. Дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 75 синфхонаи иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ, толори варзишӣ, 8 бунгоҳи тиббӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, 71 адад маркази савдо ва нуқтаи хизматрасонии маишӣ, маҷмааи савдо, 10 адад гармхона, 1 адад сардхона, кошонаи ҳусн, 12 пули мошингузар, 23 чоҳи амудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Ҳамзамон дар ноҳия 22 адад трансформатор насб ва 20 километр роҳҳо мумфарш шуда, 27 адад дарвозаҳои замонавӣ дар деҳот ва дигар намуди иншооти хизматрасонӣ бунёд гардидаанд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






