Соли 2020 Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 2228 иҷозати воридоти карантинӣ додааст
ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол аз ҷониби шуъбаи ташхиси фитосанитарӣ ва карантини растании Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқавории Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозати воридоти карантинӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба маблағи 387 672 сомонӣ 2228 адад иҷозатнома дода шуда, аз ин ҳисоб маблағи мазкур ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Мавсуф иброз намуд, ки «фаъолият дар самти фитосанитарӣ ва карантини растанӣ ба солимгардонии ҳолати фитосанитарии зироати кишоварзӣ, сари вақт андешидани тадбирҳои карантинию фитосанитарӣ, муҳофизати зироати кишоварзӣ аз зараррасонҳо, касалиҳо ва алафҳои бегона, инчунин ҳимояи ҳудуди ҷумҳурӣ аз хатари воридот ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ аз хориҷи кишвар равона карда шудааст. Ташхиси маводи таҳти карантини воридотӣ ва содиротӣ қарордошта яке аз вазифаҳои асосии Кумита буда, гузаронидани чунин корҳо ба зиммаи шуъбаи ташхиси фитосанитарӣ ва карантини растании Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ гузошта шудааст».
Ҳамчунин зикр шуд, ки давоми соли 2020 аз тарафи мутахассисони шуъбаи ташхиси фитосанитарӣ ва карантини растании Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ ҳамагӣ дар 6579 намуна 10795 ташхисҳои гуногун гузаронида шудаанд. Аз ҷумла, 6106 ташхис барои дарёфти зараррасонҳо, 654 ташхис барои дарёфти касалиҳо, 3959 ташхис барои дарёфти тухми алафҳои бегона ва 76 адад ташхис барои дарёфти нематодаҳо гузаронида шудааст. Барои муайян намудани ҳолати фитосанитарии карантинии минтақаҳои ҷумҳурӣ ва дар оянда пешгирӣ намудани ҳудудҳои паҳншави организмҳои зараррасони карантинӣ мувофиқи нақша таҳқиқот гузаронида шуданд. Инчунин анборҳо, ҷойҳои нигоҳдорӣ ва захиракунии маводи таҳти карантин зери назорати доимии мутахассисон мебошанд.
«Барои вайрон кардани қоидаҳои карантини растанӣ тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 384 адад парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд»,- афзуд Муҳаммадсаид Файзуллозода.
Дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 адад марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва 65 адад озмоишгоҳҳо дар бозорҳои истеъмолӣ мунтазам фаъолият намуда, бо лавозимот, таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ таъмин карда шудаанд.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






