Стипендияи ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии донишҷӯёни фаъол Стипендияи ректори донишкада таъсис дода мешавад. Дар ин бора 11 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Убайдулло Асрорзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Вобаста ба ин қарори ректори Донишкада ба тасвиб расида, тибқи он низомнома, ҳайати комиссия ва нақшаи тақсими он тасдиқ гардидааст.
70 фисади баҳои аъло, рафтори намунавӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ аз талаботи асосӣ барои довталабон мебошад.
Дар асоси низомнома, гирандагони стипендияи ректори Донишкада инчунин аз супоридани ҳаққи шартномаи таҳсил озод мегарданд. Маблағи стипендия 300 сомониро ташкил дода, аз ҳисоби маблағҳои махсус пешбинӣ шудааст.
Ба зикри ректори донишкада, аз ҷониби раёсат ҷиҳати ҳавасмандии бештари ҷавонону устодони донишкада ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ҳимояи саривақтии рисолаҳои номзадӣ ба ҳар нафар ба андозаи 10 000 сомонӣ тақдим карда мешавад.
Соли 2020 ба 5 нафар устодон, ки рисолаҳои худро ҳимоя намуданд, ба андозаи 10 000 сомонӣ дода шуд.
Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии кормандони донишкада шурӯъ аз 1 октябри соли 2020 музди маоши вазифавии кормандон мутаносибан то 30% баланд бардошта шуда, кумакҳои яквақтаинаи молиявӣ низ пайваста ба ашхоси ниёзманд расонида мешаванд. Дар донишкада 7 нафар донишҷӯи ятими кулл пурра аз маблағи таҳсил озод карда шуда, онҳо мунтазам аз кумакҳои моддиву маънавӣ бархӯрдор мешаванд.
Убайдулло Асрорзода дар идома аз дастоварду нақшаҳои оянда ибрози назар намуда, зикр кард, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими донишкада дар самти равобити хориҷӣ дар он аст, ки дар соли 2020 Донишкада шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё гардид.
Ҳамзамон дар ин давра тариқи онлайн бо намояндагони ширкати байналмилалии таҳсилотӣ-фарҳангии Пекин гуфтушунид анҷом дода шуд. Дар чорчӯбаи консепсияи «Як камарбанд – як роҳ» ҷиҳати шомил намудани Литсейи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба Ассотсиатсияи ҳамкории байналмилалии коллеҷҳои «Роҳи абрешим» гуфтушунид анҷом дода шуд.
«Тибқи натиҷаи гуфтушунид дар назар аст, ки дар доираи ҳамкорӣ муҳассилин аз рӯйи самтҳои «Фаъолияти ошпазӣ ва қаннодӣ», «Фаъолияти меҳмонхонавӣ», «Низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо» ва ғайра омӯзонида шаванд»,-зикр кард ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Убайдулло Асрорзода.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






